Нигаронии АП САҲА аз ҳукм нисбати Шуҳрат Қудратов

Раиси Кумита оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масоли гуманитарии Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (АП САҲА) Изабел Сантос дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин вазъи озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла айбномаҳои нави пешниҳодшуда нисбати Зайд Саидов, пешвои ҳизби сиёсии сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» нигаронӣ изҳор […]

ASIA-Plus



Раиси Кумита оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масоли гуманитарии Ассамблеяи Парлумонии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (АП САҲА) Изабел Сантос дар робита ба ҳукми содиршуда нисбати ҳуқуқшиноси тоҷик Шуҳрат Қудратов ва ҳамчунин вазъи озодии шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла айбномаҳои нави пешниҳодшуда нисбати Зайд Саидов, пешвои ҳизби сиёсии сабтиномнашудаи «Тоҷикистони нав» нигаронӣ изҳор кард.

«Дар остонаи интихобот Тоҷикистон бояд бо муколамаи озод ва чӣ чизе беҳтар будан барои Тоҷикистон фаро гирифта шавад, аммо ҳама чиз баръакс сурат мегирад, ин тадбирҳо дар бахши ҳуқуқ озодии сиёсӣ, мустақилияти низоми судӣ ва волояити қонунро зери шубҳа мегузоранд», – изҳор доштааст Сантос.

Дар изҳороти интишоршудаи АП САҲА таъкид мешавад, ки Қудратов дар ҷомеа ҳамчун ҳимоятгар дар парвандаҳои пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи яке аз нашрияҳои пешсафи Тоҷикистон – газетаи «Азия-Плюс», соҳибкори шинохта ва муассиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов ва дигарон маъруф аст.

«Дар Тоҷикистон кӯшишҳои ошкорои пешгирии интиқод аз ҷониби ҳомиёни ҳуқуқ бояд хотима дода шавад. Дар раванди бунёди давлати коршоями демократӣ фаъолони сиёсӣ, ҳуқуқшиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бидуни ҳарос аз таъқибот ё ҷавобгарии судӣ, бояд ба иҷрои кори худ имкон дошта бошанд. АП САҲА қазияҳои зикршуда дар Тоҷикистонро ҷиддӣ пайгирӣ хоҳад кард», – қайд кардаст Сантос.

Гуфта мешавад, бо назардошти фишори афзоянда, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон имкони таҳрими интихоботи парлумонии санаи 1-уми март дар кишварро эълом доштааст. «Бо таъкиди муҳим будани иштирок дар раванди сиёсӣ, мо ин қарорро ба инобат мегирем», – баён мегардад дар изҳорот.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки Ассамблеяи Парлумонии САҲА маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистонро низ пайгирӣ хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.