Мақоми 8-уми мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015»

Дар мусобиқаи байнулмилалии футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозӣ барои ишғоли ҷойҳои 7-8-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда, зинаи 8-умро ишғол кард. Қобили зикр аст, ки дар бозии даври гурӯҳии ин мусобиқа низ дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо ҳам […]

Аваз Юлдошев



Дар мусобиқаи байнулмилалии футболи «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозӣ барои ишғоли ҷойҳои 7-8-ум аз дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрда, зинаи 8-умро ишғол кард.

Қобили зикр аст, ки дар бозии даври гурӯҳии ин мусобиқа низ дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон бо ҳам вохӯрда, дар он бозӣ футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардида буданд.

Ду сол қабл низ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа зинаи 8-ум ва соли гузашта бошад, зинаи 11-умро ишғол намуда буд.

Дар бозии финалии ин мусобиқа дастаи Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 1 дастаи Финландияро шикаст дода, ба Ҷоми Иттиҳод соҳиб шуд. Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи Беларус бар тими Туркманистон бо ҳисоби 4 бар 0 ғолиб омада, зинаи сеюмро ишғол кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.