Пас аз даргузашти Суҳроб Шарипов ҲХДТ номзади мустақилро дастгирӣ мекунад

Пас аз даргузашти Суҳроб Шарипов, ки аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, ҲХДТ аз ин хавза номзадии Баҳром Абдуаминовро, ки мустақилона худро номзад пешбарӣ намудааст, дастгирӣ карданист. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ […]

Аваз Юлдошев



Пас аз даргузашти Суҳроб Шарипов, ки аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, ҲХДТ аз ин хавза номзадии Баҳром Абдуаминовро, ки мустақилона худро номзад пешбарӣ намудааст, дастгирӣ карданист.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, пас аз фавти Суҳроб Шарифов санаи 19-уми январ, ҲХДТ ба пешбарии номзади дигар ҳуқуқ надошт.

«Номзади худпешбаришуда Баҳром Абдуаминов низ узви ҲХДТ буда, ба ҳайси роҳбари Расати Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи пойтахт фаъолияти дорад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Суҳроб Шарифовро санаи 10-уми январи соли ҷорӣ ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури шаҳри Душанбе номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешбарӣ намуд. Дар даъвати ҳозираи парлумон низ ӯ ҳамин ҳавзаро намояндагӣ мекард.

Санаи 13-уми январ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Шоҳмансури пойтахт хатмкардаи Донишгоҳи байнулмилалии Теҳрон ва факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, духтари муасиси ҲНИТ Саид Абуллои Нурӣ, сиёсатшинос Руқия Саидова (Руқия Нурӣ)-ро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии мазкур Ҳизби демократи Тоҷикистон яке аз фаъолони ҳизб, журналист Аҳмадшоҳи Комилзодаро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон