Юсуф Раҳмонов – прокурори генералии нави Тоҷикистон

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2015, Раҳмонов Юсуф Аҳмедович Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Юсуф Раҳмонов 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши […]

ASIA-Plus



Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2015, Раҳмонов Юсуф Аҳмедович Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Юсуф Раҳмонов 22 марти соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, муфаттиш, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе, муовини сардори раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2004 – 2010 муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010 – 2012 дар вазифаи Прокурори вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2014 ҳамчун машваратчии калон – сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2014 то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.