Ҳабси корманди прокуратураи пойтахт барои ғайриқонунӣ азхудкунии қитъаи замин

Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар суистифода аз мақоми хизматӣ ва ғайриқонунӣ азхудкунии қитъаи замин корманди шуъбаи кадрҳои мақомоти прокуратураи пойтахт Ҷамолиддин Рустамовро ба ҳабс гирифт. Бино ба иттилои торнамои расмии Агентӣ, моҳи июли соли 2014 барои ҷудо кардани 0,07 га қитъаи замин дар ҳудуди қаламрави ҶСК «Мармар»-и ноҳияи Рӯдакӣ ӯ аз шаҳрванд […]

ASIA-Plus



Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар суистифода аз мақоми хизматӣ ва ғайриқонунӣ азхудкунии қитъаи замин корманди шуъбаи кадрҳои мақомоти прокуратураи пойтахт Ҷамолиддин Рустамовро ба ҳабс гирифт.

Бино ба иттилои торнамои расмии Агентӣ, моҳи июли соли 2014 барои ҷудо кардани 0,07 га қитъаи замин дар ҳудуди қаламрави ҶСК «Мармар»-и ноҳияи Рӯдакӣ ӯ аз шаҳрванд Неъмонов Д. 21 ҳазор доллари ИМА талаб намуда, 10 ҳазор доллар аз ин маблағро мегирад ва ба Неъмонов иҷозаи сохтмони манзил дар ин қитъаро дода, ваъда медиҳад, ки пас аз гирифтани 11 ҳазор доллари боқимонда ҳамаи ҳуҷҷатҳои дастрасӣ ба ин қитъаи заминро омода мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди заминҳои ҶСК «Мармар» Рустамов барои худ низ дар майдони 0,4 га замин гирифта, манзили зист бунёд кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳолат нисбати шаҳрванд Рустамов Ҷ.И. бо аломатҳои моддаҳои 247 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон содир намудааст) ва моддаи 338 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин муқарар намудааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораи пешгирӣ дар шакли ба ҳабсгирӣ татбиқ карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.