ҶСП «Гулистон» ба ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил меёбад

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-и «Гулистон», ки моҳи октябри соли 2014 ба тавозуни Кумитаи мазкур гузаронида шуд, ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода мешавад. Ба гуфтаи ӯ, самти фаъолияти корхона тағйир дода нашуда, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида (ҶСП)-и «Гулистон», ки моҳи октябри соли 2014 ба тавозуни Кумитаи мазкур гузаронида шуд, ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода табдил дода мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, самти фаъолияти корхона тағйир дода нашуда, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ идома медиҳад ва ҳайати раҳбарии корхона низ иваз карда намешавад.

«Тағйирот танҳо ба шакли моликият дахл дошта, он саҳҳомии кушода мешавад, ки ба ҷалби бештари сармоягузорӣ ҷиҳати рушди он шароити мусоид фароҳам меорад», – иброз дошт раиси Кумита.

Ёдрас мекунем, ки ҶСП «Гулистон» қаблан ба соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ (95%-и саҳмияҳо) ва Хайрулло Саидов (5%-и саҳмияҳо), писари собиқ вазири саноат Зайд Саидов тааллуқ дошт.

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҶСП «Гулистон» таҳти назорати давлат қарор гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.