Боздошти аъзои созмонҳои мухолиф дар Русия ва Тоҷикистон

Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» рӯйхати аъзои дар Русия ва Тоҷикистон боздоштшудаи созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» интишор шуд. Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , ҳукуматдорони Тоҷикистон далели боздошти яке аз онҳо – Умедҷон Солиҳовро тасдиқ намуда, ҳамчунин дар бораи боздошти боз чанд нафаре ба гумони узвият дар созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» иттилоъ медиҳанд. Дар изҳороти […]

ASIA-Plus



Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» рӯйхати аъзои дар Русия ва Тоҷикистон боздоштшудаи созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» интишор шуд.

Бино ба иттилои

радиои «Озодӣ»

, ҳукуматдорони Тоҷикистон далели боздошти яке аз онҳо – Умедҷон Солиҳовро тасдиқ намуда, ҳамчунин дар бораи боздошти боз чанд нафаре ба гумони узвият дар созмони мухолифи «Гурӯҳи 24» иттилоъ медиҳанд.

Дар изҳороти интишоршудаи созмон доир ба боздошти 7 узви созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар Русия ва се тан аз онҳо дар Тоҷикистон хабар дода мешавад.


Боздоштшудагон дар Русия:

1. Бафоев Нуриддин Ризоевич, с.т. 10.04.1970, зодаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Рӯзи 25.11.2014 дар Маскав дастгир шудааст.

2. Сатторов Меҳрубон Ҳасанович, с.т. 14.05.1989,  зодаи вилояти Хатлон, сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон. Рӯзи 03.12.2014 дар Маскав дастгир шудааст. СИЗО №4, шаҳри Маскав.

3. Восиев Абдураҳим Илҳомидинович, с.т. 21.05.1987,  зодаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, Дар Маскав рӯзи 12. 11.2014 дастгир шудааст. СИЗО №4, Маскав.

4. Обидов Карим Абдуалимович, (?) дар Маскав дастгир шудааст.

5. Ҷобиров Сулаймон. Дар Самара зиндагӣ мекард ва рӯзи 19 декабри соли  2014 дастгир шуд. СИЗО №1, Самара.

6. Гиляев Оятулло Муҳиддинович, с.т. 10.04.1988, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар Новосибирск дастгир шудааст.

7. Абдураҳмонова Розия Ҳасановна, с.т. 01.01.1961, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ. Рӯзи 19.12.2014 дар Новосибирск дастгир шудааст.


Боздоштшудагон дар Тоҷикистон:

8. Қурбонов Неъматулло Одинаматович, с.т. 15.03.1989, зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва рӯзи 09.10.2014 дар Душанбе дастгир шуд.

9. Солиҳов Умедҷон Мирзодавлатович, с.т. 15.10.1984, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва дар Душанбе дастгир шуд.

10. Комилов Шероз, с.т. 20.10.1992, зодаи ноҳияи Шаҳристон, сокини шаҳри Қайроққуми вилояти Суғди Тоҷикистон. Аз Русия ба далели таҳдидҳо ба наздиконаш баргашт ва дар Душанбе дастгир шуд».

Ғайр аз ин, ба қавли аъзои созмон, чанд нафари дигар бедарак шудаанд, ки аз тақдири онҳо касе чизе намедонад. Дар изҳороти созмони «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» гуфта мешавад, боздошти ин 10 нафари аксаран ҷавон, бар иловаи раҳбари созмон  Мақсуд Иброҳимов аст, ки бино ба иддаои онҳо, рӯзи 20 январ ба таври мармуз аз Маскав рабудаву ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

«Созмон рӯйхати ин ҷавонони боздоштшударо дар ихтиёри созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегузорад, онҳо барои фаъолиятҳои сиёсиашон дастгир шудаанд. Ин бачаҳо танҳо барои он ба ифротгароӣ айбдор мешаванд, ки барои Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш зиндагии беҳтаре аз тариқи ислоҳотро мехостанд. Онҳо ба ҳимояти ҷамъиятию ҳуқуқӣ ва дигар шакли пуштибонӣ эҳтиёҷ доранд. Онҳо ба якдилии шаҳрвандӣ, ҳимоят ва шафқат ниёз доранд», – омадаст дар изҳороти созмон.

Радиои «Озодӣ ҳамчунин хабар медиҳад, ки мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудани “аллакай чанд нафар” аз тарафдорони “Гурӯҳи 24”-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватовро тасдиқ карданд, вале мегӯянд, аз ҷониби Русия дар бораи боздошти 7 узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ҳанӯз маълумоти расмие ба дасти онҳо нарасидааст.

Як нафар аз ин вазорат рӯзи 27 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз рӯйхати 10 узви созмони созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, ки ба иддаои намояндагони он созмон, дар Русия ва Тоҷикистон дастгир шудаанд, танҳо боздошти Умедҷон Солиҳовро тасдиқ кард ва гуфт, ин ҳамонест, ки муҳокимаи парвандааш рӯзи 19 январ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе оғоз ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.