Раиси вилояти Суғд нозирони САҲА-ро ба ҳузур пазируфт

Санаи 27 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат ва иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи парлумонии моҳи март ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси […]

ASIA-Plus



Санаи 27 январ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайъати нозирони дарозмуддати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Ларс Полсен, Пол Уессон, Апалония Вершур ва Ёрген Беклундро, ки бо мақсади назорат ва иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии кишвар – интихоботи парлумонии моҳи март ба вилоят ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, мақсад аз мулоқот муаррифии гурӯҳи кории нозирони байналмилалӣ ва нақшаҳои фаъолияти онҳо ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо масъалаи омодагиҳоро ба интихобот мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр мегардад, ки ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи ҷавобгӯ ба меъёрҳои демократӣ баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки аллакай ҳайъати нозирони САҲА дар Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст.  Бо ин мақсад то имруз 14 нафар аз нозирони ин созмон ба Тоҷикистон омадаанд ва то охири ҳафтаи ҷорӣ 16 нафари дигар ба ин ҳайъат ҳамроҳ мешаванд.

Коршиносони байналмилалии САҲА намояндагони 15 кишвари ҷаҳон буда, дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд дар ду гурӯҳ фаъолияти назоратӣ хоҳанд бурд. Нозирони байналмилалии САҲА асосан дар 13 ҳавзаи интихоботие, ки дар онҳо номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудаанд, корбарӣ мекунанд. Ба ин мақом аз вилояти Суғд дар ҳавзаҳои мазкур 61 нафар номзад ҳам аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳам ба таври худпешниҳод пешбарӣ шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.