С.Сафаров: Мактаби №77-и ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Суҳроб гузошта шавад (Садо)

Дар Маркази коршиносони дафтари “Рушди АвруОсиё” дар Душанбе рӯзи 27-уми январ бо иштироки донишмандон ва сиёсатшиносони тоҷик дар мавзӯи “Сӯҳроб Шарипов дар ҳаёти зеҳнӣ ва сиёсии Тоҷикистони муосир” мизи гирде доир гардид. Ин нишаст дар санаи  7-умин рӯзи даргузашти Суҳроб Шарипов, намояндаи парлумони Тоҷикистон ва собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ баргузор шуд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ аз муносибати дӯстонаи худ бо марҳум Суҳроб Шариповро ёдоварӣ карда гуфт: “Бо Суҳроб ҳаққӣ бародарӣ доштем. Чун устоди ман падари эшон буд. Ва ман рафту омад мекардам. Худаш мегуфт мо бо ӯ аз синфи 3 шиносем. Суҳроб яке аз шахсиятҳое буд, ки барои миллати мо хизмати арзандае кардааст ва мехост боз хизмат кунад. Вале марг ноамон ва ноҷавонмардона ӯро бурд. Марг ҷавонмарди бисёр азизу соҳибэтироми миллати моро аз мо ҷудо намуд. Мо зиндаҳо бояд коре кунем мактабе, ки ӯ дошт, ақидаҳое, ки ӯ дошт, бояд онҳо амалӣ шаванд, онҳоро эҳтиром намоем, чун дигар нисбати ӯ аз ин беш коре аз дастамон намеояд.  Пешниҳод мекардам мактаби №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки Суҳроб он ҷоро хатм кард, ба номи ӯ гузошта шавад, беҳтар хоҳад буд”.

Сиёсатшиноси шинохта Абдуғанӣ Маҳмадазимов иброз дошт: “Мо ҳудуди 15 сол бо ҳам дар лоиҳаи “Барқароркунии баъдиҷангӣ” ҳамкорӣ доштем. Солҳои 90-ум ёфтани як коршиносе, ки бо ҳамаи аҳзоб якгуна бошад мушкил буд. Ӯ аз ин нафарон буд. Мо дар масъалаҳои мубрам ва доғ ба ӯ муроҷиат мекардем, вақте ӯ дар нишастҳо ҳозир мешуд, ин гувоҳи он буд, ки ҳузури ӯ нишастҳои моро ба сатҳи олӣ мерасонад, чун ки барои ӯ арзишҳои миллӣ боло буд. Ҳақиқатан сиёсатшиноси хуб буд”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ гуфт: “Мо имрӯз барои Суҳроб ҳамчун инсон сӯҳбат мекунем, чун пеш аз он ки дар бораи Сӯҳроб ҳамчун сиёсатмадор, файласуф, сиёсатшинос сӯҳбат кунем. Ба фикри ман қабл аз инҳо дар бораи Сӯҳроб бояд ҳамчун инсон сӯҳбат кунем. Аз нигоҳи ман, агар мо дар ҷомеаи имрӯза як эталони инсоният ҷустуҷӯ карданӣ бошем, шояд аз Суҳроб намунаи беҳтаре надошта бошем, ки он ҳам аз даст рафт. Шояд, ки аз Сӯҳроб беҳтар файласуф, сиёсатмадор ва вакили беҳтар доштем ва хоҳем дошт дар оянда, вале мисли Сӯҳроб инсон ё тоҷик пайдо кардан кори осон нахоҳад буд”.

Дар идома гуфт, ки “ман фахр мекунам, ки чанд соли ахир бо ҳам дӯсту ҳамкор будем. Тақдир ҳамин хел насиб карда будааст, ки мо дар ду лагер қарор бигирем. Дар як кумита кор мекардем, утоқи кориамон паҳлуи ҳам буд. Тақрибан рӯзи корие набуд, ки мо якдигарро набинем. Суҳбатҳои зиёд мекардем дар бораи кишвар, миллат, ватан, дар бораи Худо, дар бораи вазъи сиёсии имрӯза баҳс мекардем. Гоҳ бо ҳам розӣ мешудем, гоҳ ихтилофи назар доштем”.

Раиси ҲНИТ аз муносибати самимии Суҳроб Шарипов нисбат ба худаш ёдоварӣ карда илова намуд: “Пеш аз ҳама фарҳанги волои инсонӣ ва ҷасорату самимияти Суҳроб маро ба ӯ наздик карда буд. Ёдам ҳаст, дар маросими 40-солагии ҲНИТ вакилону сиёсатмадоронро даъват карда будем. Ва Суҳроб омад. Ба ӯ гуфтам дигар ҳеҷ кас наомад. Ва пурсидам, ки барои чӣ меоӣ? Гуфт: ман ҳамчун сиёсатмадор, шаҳрванд мехоҳам биравам ва паёми ман ба ҷомеа аст, ки бо шумо дар масъалаи сиёсӣ ва идеологӣ розӣ нестам, вале барои миллату кишвар шуморо лозим ҳисоб мекунам. Ва ин паёми ман  ба ҷомеа аст, ки бигзор ҳама донад, ки шумо лозим ҳастед ва ҷузъи ин миллат ҳастед. Агар ман тоҷикаму тоҷикистонӣ, чаро аз шумо бигрезам? Баъди ин вохӯрӣ ман дидам, ки чӣ қадар мушкилот болои ӯ омад, вале бисёр ҷасорату самимият дошт, ки бо ҳама ошкор сӯҳбат мекард ва мегуфт, ки ин мавқеи шахсии ман аст. Дуюмбора дар вақти анҷумани охири интихоботӣ дигарбора ҳамаро даъват кардам. Сӯҳроб омад ва гуфт, ки “ин дафъа мерафтам, вале пешакӣ огоҳам карданд. Вале интизоми ҳизбӣ талаб мекунад, ки наоям”. Вале инро бояд дуруст фаҳмид, ки ин нишонаи самимияти инсонӣ аст, ки моро ба ҳам хеле наздик карда буд”.

“Суҳбати охири ман тасаввуроти маро дар бораи Сӯҳроб комилан дигар кард. Агарчӣ русӣ суҳбат мекард, аз ҳамаи мо тоҷикҳо тоҷиктар буд. Агарчӣ ҳеҷ гоҳ дар бораи муносибаташ бо Худо суҳбат накарда буд. Баъд баъд ба хулосае омадам, ки аз рӯи он ахлоқу фарҳангу самимияташ аз зиёд касоне, ки инро эълон мекунанду байрақбардоранд, мусалмонтар буд. Ва ҳатто муносибати худашро бо Худо ҳам дар лаҳзаи охир ба як таври бисёр зебо изҳор намуд”, – гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Бахтиёр Раҳмонов аз донишманди шинохтаи тоҷик, ки қаблан собиқаи бештари фаъолият бо марҳум Суҳроб Шарипов дошт, андешаҳояшро чунин иброз намуд: “Ӯ аз ҷумлаи шахсоне буд, ки дар конференсияҳои байнулмилалӣ ва гуфтугӯҳо Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Амсоли СҲШ, СПАД, Шӯрои академияи САҲА…ва ифтихори мо буд”.

Абдулло Раҳнамо, таҳлилгари тоҷик аз ҳамкорӣ доштанаш бо Суҳроб Шариповро ёд оварда гуфт: “Чӣ қадар саводи баланди шифоҳӣ, хаттӣ дараҷаи баланди як инсонро ман дар Суҳроб Шарипов дидам, ки аз ҳама ҷиҳат босавод буд. Вақте ки ман дар бораи Суҳроб Шарипов суҳбат мекунам, пеш аз ҳама симои як шахсияти бисёр таҳсили ҷиддии босаводона дидаро мебинам, вақте ки суҳбат мекард, вақте менавишт, вақте изҳори назар мекард, мо мефаҳмидем, ки ӯ холӣ нест. Ҳамчунин илми сиёсатшиносӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам нав аст ва Сӯҳроб Шарипов дар канори касоне буданд, ки илми сиёсатшиносиро рушд медоданд, кафедра сохтанд, китоб нашр карданд, , вале дар саҳнаи ҷомеа Суҳроб ба маънои комил коршиноси масоили сиёсӣ буд.

Вусъати фикрии Суҳроб Шарипов ба андозаи вусъати фикрии глобалӣ буд, зеро аз сиёсатшиносони тоҷик камтар касе, ки дар бораи равандҳои калони глобалӣ назари воқеии худро мегуфт. Мо бисёр он ахборро медонистем, вале дар бораи сиёсати Русия, сиёсати ИМА, дар бораи НАТО, роҷеъ ба масъалаҳои калони глобалӣ мавқеи шахсӣ доштан, инро Суҳроб дошт ва дар хориҷ ҳам эътироф мешуд”.

Ёдовар мешавем, ки Сӯҳроб Шарипов, собиқ роҳбари  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон 19 январи соли 2015 дар синни 52-солагӣ бар асари бемории начандон тӯлонӣ дар бемористони Қарияи Боло аз олам даргузашт.

spot_imgspot_img

Популярное