Ш.Раҳимзода: Одам вазифаро обод мекунад, на баръакс

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода аз пешбарӣ шудани номзадиаш ба курсии вакилӣ дар парлумон қаонатмандӣ изҳор намуд. Ёдрас мекунем, ки Раҳимзода аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони оянда пешбарӣ шудааст. «Аввалаш ман узви гурӯҳи иқтисодии президенти кишвар ҳастам ва барои гурӯҳ […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода аз пешбарӣ шудани номзадиаш ба курсии вакилӣ дар парлумон қаонатмандӣ изҳор намуд.

Ёдрас мекунем, ки Раҳимзода аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони оянда пешбарӣ шудааст.

«Аввалаш ман узви гурӯҳи иқтисодии президенти кишвар ҳастам ва барои гурӯҳ натиҷа муҳим аст, на манфиатҳои шахси алоҳида. Муҳим нест, ки ту дар ин даста дар пеш, байн ё дар қафо қарор дорӣ», – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири рушди иқтисод.

Вазир қайд кард, ки агар зарур бошад, ба фаъолият дар парлумон баҳри некӯаҳволии мардум омода аст. «Замоне зарурат пеш омад, ки ба ҳайси дипломат ба хориҷи кишвар равам ва он ҷо ҳам кор кардам. Акнун ман барои парлумон зарурам ва ба хизмат дар он омода ҳастам», – таъкид дошт ӯ ва илова намуд, ки «одам вазифаро обод мекунад, на баръакс».

Қобили зикр аст, ки Шариф Раҳимзода яке аз беҳтаринҳо дар гурӯҳи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон шуморида мешавад.

То сари мансаб омадан ба вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ба ҳайси сармушовири президент оид ба сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, раиси мақомоти назорати молиявии назди президенти ҶТ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ, сафири Тоҷикистон дар Белгияву Фаронса, роҳбари намояндагии ҶТ дар сохторҳои Аврупо ва намояндаи домиии ҶТ дар ЮНЕСКО ва НАТО фаъолият намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон