Интихоботи парлумонӣ ва имконоти нобаробари аҳзоби сиёсӣ (чандрасонаӣ)


Интихоби озодона ва огоҳонаи мақомоти қонунгузор яке аз рукнҳои аслии мардумсолорист. Рӯзи 1-уми март шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар барои интихоби 63 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пойи сандуқҳои раъй мераванд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар 182 шаҳрванди ҷумҳуриро аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 103 намояндаи ҳизбҳои сиёсиро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҳайси номзад ба вакилии палатаи поини парлумон сабти ном кардааст.



Дар

инфографикаи зер

маълумот оид ба интихобот гирдоварӣ шудааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ахиран як манбаъ дар КМИР ҶТ ба Хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки 3 номзади расман сабтиномшуда аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 номзадии худро бозхонда, аз идомаи ширкат дар интихобот худдорӣ варзиданд. Ба гуфтаи манбаъ, номзадии худро намояндаи Ҳизби халқии демократӣ Сафаралӣ Шарифов, Ҳизби аграрӣ Нуриддин Азаматов ва худпешбар Мавлонбӣ Тураева фаро хондаанд. Ба ин тартиб, дар ҳавзаи мазкур муборизаро барои дарёфти курсии вакилии МНМО ҶТ раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ Зайниддин Юсуфов ва худпешбар Юсуфхон Сайфуддинов идома медиҳанд.




Харитаи онлайнии 41 ҳавзаи интихоботӣ

дар қаламрави Тоҷикистон:



Маблағгузории интихобот

Яке аз бахшҳои муҳими муборизоти интихоботӣ маблағгузории онҳост ва дар кишварҳои пешрафта ҳазинаи ин гуна маъракаҳои сиёсӣ миллионҳо долларро ташкил дода, то ҳадде ба пирӯзии номзадҳову ҳизбҳо кӯмак мекунад. Нашрияи

“Азия-Плюс”

зимни пайгирии масъалаи маблағҳои пешбиникардаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар доираи муборизоти интихоботӣ, аз ҷумла, муайян сохт, ки Ҳизби халқии демократӣ омода аст, барои пардохти гарави интихоботии номзадҳо ва анҷоми маъракаи таблиғотияш беш аз як миллион сомонӣ харҷ кунад. Ба ҷуз ин, ҳизби ҳоким аз хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ барои фиристодани паёмакҳои тарғиботӣ истифода кардааст.

Миқдори маболиғе, ки аҳзоби дигар эълом доштанд, аз ҳазинаи таблиғоти интихоботии ҲХДТ ба маротиб камтар аст. Барои гузаронидани маъракаи таблиғотии аҳзоби сиёсӣ аз буҷаи кишвар 240 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Ба ҷуз 30 ҳазор сомоние, ки ҳар як ҳизб аз буҷаи давлат дарёфт кардааст, онҳо метавонанд дар муборизоти интихоботӣ маблағҳои худӣ ва хайрияро, ки тибқи қонунгузорӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас шудааст, масраф кунанд.



Ташвиқоти пешазинтихоботии аҳзоб

Бар асоси моддаи 39-и

Қонуни Конститутсионии ҶТ

«Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ), давлат ба шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ дар вақти гузаронидани интихобот бе мамониат ташвиқот бурданро таъмин менамояд. Шаҳрвандон, номзадҳо, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд бо шаклу усулҳои қонунӣ барои иштирок дар интихобот озодона ва ҳаматарафа ташвиқот баранд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо, сифатҳои сиёсӣ, корӣ, шахсии онҳо, ҳамчунин барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсиро муҳокима намоянд, ба тарафдорӣ ё зидди ин ё он номзад дар маҷлисҳо ва воситаҳои ахбори омма ташвиқот баранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шермуҳаммади Шоҳиён

, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар як суҳбати ихтисосӣ бо Хабаргузории “Азия-Плюс” зимни интиқод аз фаъолияти “камранги” роҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар муборизаҳои интихоботӣ, аз онҳо хост, то маъракаи тарғиботиро шиддат бахшанд. 

“Ман ба воситаи Шабакаи аввали телевизион нисбат ба роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ камтар эрод гирифтам ва бори дигар такрор мекунам, ки муҳлат кам мондааст ва онҳо хеле ҷиддитару фаъолтар кор кунанд. Онҳо мунтазир нашаванд, ки комиссияҳои интихоботӣ кай онҳоро даъват мекунанд, баъд назди мардум раванду вохӯрӣ кунанд. Қонун иҷозат додааст, ки аз роҳу усули пешбиникардаи қонун бевосита, мустақилона, тарзе, ки худашон мехоҳанд, барномаи пешазинтихоботиро муаррифӣ кунанд”, – гуфт Шоҳиён.



Ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи омодагӣ ба ин маъракаи муҳим талош доранд, бо истифода аз ҳар гуна роҳҳои қонунӣ таваҷҷуҳи ҳарчи бештари раъйдиҳандагонро ба худ ҷалб кунанд. Зимнан дар пойтахт ва манотиқи гуногуни кишвар вохӯриҳои намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо шаҳрвандон баргузор шуд. Айни замон муаррифии барномаҳои пешазинтихоботӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин нашру паҳн кардани маводи чопии ташвиқотӣ дар марҳилаи анҷомёбист.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қобили зикр аст, ки намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ дар Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон барномаҳои интихоботии худро муаррифӣ карданд. Бо ин мақсад тибқи қонунгузорӣ барои суханронии ҳар як ҳизби сиёсӣ аз тариқи радио ва телевизиони давлатӣ то 40 дақиқа вақти эфир пешбинӣ шудааст.



Эҷоди монеаҳо?

Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон

Абдуманнон Додозода

зимни як суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз 8 ҳизби сиёсии кишвар 6 ҳизб боре ҳам аз шеваи баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ, бавижа эҷоди монеаҳо дар роҳи анҷоми муборизоти интихоботӣ эътироз накардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мунтазам дар мавриди иштироки номзадҳояшон дар сабқати интихоботӣ ба КМИР муроҷиат мекунанд ва комиссия саъй меварзад, арзу шикоятҳои аҳзоби мазкурро саривақт ҳаллу фасл кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агарчи қонуни интихобот ба номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ анҷоми бемамониати ташвиқотро таъмин мекунад, намояндагони бархе аҳзоб аз амалҳои ғайриқонунии мансабдорон изҳори нигаронӣ карданд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раҳматилло Зоиров

ахиран дар

саҳифаи фейсбукиаш

нусхаи муроҷиатномаеро ба раиси КМИР ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён таҳти унвони “Фишор ва қонуншиканиҳо авҷ мегиранд?!” мунташир намуда, аз афзоиши аъмоли ғайриқонунӣ нисбат ба фаъолони ҳизб, аз ҷумла, шахсони боэътимод шикоят кардааст. Зоиров навиштааст: “Ҳатто вазъият ба он ҳолат рафта расид, ки акнун нисбати номзадҳо фишороварӣ ва қонуншиканӣ, таҳдид ба саломатии онҳо ва ояндаи онҳо авҷ мегирад. Ман худам шоҳиди ин ҳолат дар шаҳри Хуҷанд, Ҳисор ва Шаҳритуз будам. Акнун ин гуна фишор ва қонуншиканӣ бевосита аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо мушоҳида мешавад”.

Раиси ҲСДТ дар идома мисол овардааст: “Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқов рӯйирост номзад ба вакилии МНМО ҶТ аз рӯйхати ҲСДТ Фарҳод Худоёровро ба назди худ даъват карда, шаъну шарафи ӯро паст зада, нописандӣ карда, аз ӯ талаб мекунад, ки номзадиашро ариза дода қатъ намояд, аз ҲСДТ барояд, набошад ӯро пас аз интихобот кори ҷиноятӣ оғоз карда, маҳкам мекунанд. Дар асоси ин гуна рафтори раиси ноҳия кормандони мақомотҳои давлатии ноҳия ва дигар ноҳияҳое, ки ба ҳавзаи интихоботии Рашт ворид мегарданд, аз ҷумла, комиссияҳои интихоботӣ, нисбати номзади ҲСДТ ва шахсони боэътимоди ӯ хунукназарона муносибат карда, барои тарғиботу ташвиқоти ӯ маҳдудиятҳо ба миён меоваранд”.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ рӯзи 24-уми ферал бо нашри

як хабар

дар торнамои худ зери унвони “Раиси ноҳияи Ҳисор: агар ба Ҳизби наҳзат иҷоза нест, пас ба ҳизби ҳоким ҳам иҷоза набояд бошад!” дар бораи монеагузории кормандони ҳокимияти маҳаллӣ ҳангоми таблиғ ва тақсими варақаҳо иттилоъ додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ҷуз ин, шаҳрдории Душанбе дар поёни моҳи гузашта ба дархости ҲНИТ оид ба насби рекламаҳои интихоботӣ дар ҳудуди пойтахт посухи рад дода, онро “рекламаи сиёсӣ” хонд. Муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова он вақт дар номаи ҷавобӣ ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумла гуфт: “Аз лоиҳаҳои пешниҳоднамуда бармеояд, ки рекламаҳои дархостшаванда рекламаи сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Амали Қонуни ҶТ “Дар бораи реклама”, ки муносибатҳои соҳаи рекламаро ба танзим медарорад, нисбати рекламаҳои сиёсӣ татбиқ намегардад”.

Лозим ба ёдоварист, ки дар интихоботи қаблии парлумонӣ ва ҳам раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ин гуна мамнӯъиятҳо барои насби баннерҳои пешазинтихоботии тамоми аҳзоби сиёсӣ вуҷуд надошт.



Интишор ва барчидани маводи чопии ташвиқотӣ

Раҳматилло Зоиров рӯзи 21-уми феврал низ бо интишори як муроҷиатнома таҳти унвони “Қувваи бахилтарин ё №1 дар Тоҷикистон кист?” ба сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллӣ ва КМИР ҶТ аз дарондану нобуд кардани плакату дигар маводи таблиғотии ҳизбҳо хабар дод. Ба иддаои ӯ, дар ноҳияи Шаҳритус “бо ин кор ду корманди милитсия, 1 намояндаи КДАМ машғул шудаанд”. Вай дар идома навиштааст: “Савол пайдо мешавад, ки ба кӣ ин гуна амал зарур шуд? Маълум мешавад, ки ин кор тасодуфӣ нест. Дирӯз шаб ба шаҳри Душанбе баргашта, шоҳиди он шудем, ки дар шаҳри Душанбе 80% платкатҳои ҳизбҳо, на танҳо ҲСДТ, аз девору стендҳо ва ғайра бардошта шудаанд”. Зоиров дар идома пурсон шудааст: “Кӣ мардумро аз иттилои дақиқи интихоботӣ маҳрум ва ҳизбҳоро ба харҷи маблағи бе самара мубтало мекунад? Ва барои чӣ? Бе чуну чаро дар ин кор қувваи махсус амал мекунад, яъне тасодуфӣ нест”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қаблан

Олим Бобоев

, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ба расонаҳо гуфта буд, ки як гурӯҳ ҷавонони мошинсавор дар хиёбонҳо гашта, маводи тарғиботии ҳизбҳоро мекананд. Иддаоҳои сиёсатмадорон дар мавриди барчидани варақаҳои ташвиқотӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба қавли намояндагони Ҳизби халқии демократӣ, онҳо то кунун боре ҳам ба ин гуна амалҳо дучор нашудаанд.

Бино ба мушоҳидаҳои мо, дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ ҳизби ҳоким аз барчасбҳои таблиғотӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва биноҳои идораву муассисоти пойтахт фаровон истифода мекунад, дар ҳоле ки чунин навъи ташвиқот аз сӯйи аҳзоби дигар чандон ба назар намерасад.



Э.Раҳмон: Интихобот бояд шаффофу озод доир гардад

23-юми январи соли ҷорӣ раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

зимни ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олии ҶТ бо ишора ба интихоботи парлумонии 1-уми март изҳор дошт:





“Ин чорабинии сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон доир гардад. Сохторҳое, ки ба баргузории ин чорабинӣ масъуланд, бояд ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии дар интихобот ширкаткунанда ва ба номзадҳои пешбаришуда шароити баробар муҳайё созанд…”



ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раисҷумҳур дар идомаи суханрониаш берун аз матни паём гуфт: «Ман дар равандҳои демократӣ ба сиёсат ворид шудам… Марҳамат… Озодие ки ҳоло ҳаст, бигиред… Ташаббус доред. Ба мардум дурӯғ гуфтан даркор нест. Ҳадаф чӣ ҳаст? Фаҳмо. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фиреб дода, майдонҳоро пур кардем ва оқибат ба чӣ расид?… Озодона, бе ягон шантаж амал кунед. Ҳаст органҳои салоҳиятдор, дар куҷо камбудӣ ҳаст, дар қонун дарҷ гардидааст, муроҷиат ва ислоҳ кунед. Мо – мардуми Тоҷикистон ин сарзаминро аз даруни ҷангу хун берун оварда, миллатро сарҷамъ кардем. Инро фаромӯш кардан даркор нест… Ман назорат карда истодаам, талаб мекунам. Мо на як бору ду бор интихобот гузаронидем. Ҳеҷ гоҳ хиёнат кардан даркор нест. Такя ба ҳамин миллат, ба ҳамин сарзамини аҷдодӣ кунед. Ҷойнамозро партофта, рӯ ба қибла намоз хондед, фотиҳаро дар ҳаққи ҳамин миллату сарзамин кунед. Дар ягон давлати дигар мову шуморо интизор нестанд. Онҳое, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ фирорӣ буданд, медонанд… Давлат омода аст. Вазифаи давлат таъмин кардани амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аст. Ман боварии комил дорам, сатҳи маърифати ҳуқуқии мардуми мо хеле пеш рафтааст. Ҳамаи ҳизбу созмонҳое, ки ҳаст, хеле ҷавон ҳастем, акнун ташаккул ёфта истодаем. Дар дунё ҳизбҳое ҳаст, ки қариб 100-200 сол фаъолият доранд ва баъзан камбудиҳо содир мекунанд. Мо ҳамагӣ 10-15 сол нашудааст, бе камбудӣ нестем. Ба эҳсосот дода шудан даркор нест. Ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед, ки дар болои оташ бензину керосин рехта, якум аз ҳамин Ватан гурехта мераванд. Мову шумо баъд мемонем. Расман огоҳ карда истодаам».



Бисёрҳизбӣ: муттаҳидин ва мухолифини ҳизби ҳоким

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Коршиноси масоили сиёсӣ

Нуралӣ Давлат

бар ин назар аст, ки маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон сол ба сол камрангтар мешаванд. Ӯ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт: “Ба ғайр аз чанд плакате, ки рӯзҳои ахир дар пойтахт пайдо шудаанд, тақрибан ягон чиз аз доиршавии интихоботи қарибулвуқӯъ гувоҳӣ намедиҳад. Ба назарам, аксари мардум ба сиёсат таваҷҷуҳ надоранд – сатҳи маърифати сиёсиашон ё баланд нест, ё эътимод надоранд, ки вакилони интихобшаванда манофеи онҳоро ҳимоя мекунанд”.

Ба ақидаи ин коршинос, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ ҳаст, аммо низоми воқеии бисёрҳизбӣ вуҷуд надорад: “Дар илми сиёсатшиносӣ системаи бисёрҳизбӣ низомеро гӯянд, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар таъйин ва татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумат саҳм доранд, ё пешниҳодоти онҳо ба назар гирифта мешавад. Онҳо ҳамчунин дар парлумону ҳукумат ҳузур доранд. Ин ки 8 ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ҳоло системаи бисёрҳизбӣ нест, зеро аксари кулли парламент ва ҳукуматро намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ташкил медиҳанд ва аҳзоби дигар сирф ба хотири омор вуҷуд доранд… Мо як ҳизби ҳоким дорем ва чанд ҳизби дигаре, ки аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Яъне як ҳизби ҳоким ва муттаҳидинаш дар симои аҳзоби дигар, ки онҳоро “саттелит” мегӯянд. Чунин амал ба хотири он сурат мепазирад, ки эълон шавад – дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ вуҷуд дорад”.

Нуралӣ Давлат афзуд: “Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ду ҳизби сиёсии мухолиф мебошанд, вале онҳо дар таъйин ва татбиқи сиёсати дохиливу хориҷӣ тақрибан ҳеҷ таъсир надоранд ва пешниҳодоту суханҳое, ки мегӯянд, аслан қабул намешавад. Ҳатто дар мавриди тағйирот ба қонуни интихобот, ки ба пешниҳоди онҳо шумориши оро дар комиссияҳои ҳавзавӣ бояд дар ҳузури намояндагони аҳзоб сурат бигирад, қабул нашуд. Онҳо вақте ки дар ворид кардани тағйирот ба қонуни интихобот ҳеҷ коре карда наметавонанд, чӣ расад ба таъйини сиёсати дохиливу хориҷӣ”.

Дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ намояндагони ҳизбҳо зимни вохӯрӣ бо мардум ва ташкили баҳсу мунозираҳо саъй варзиданд, нукоти муҳими барномаҳои худро, ки фарогири ҳамаи бахшҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиянд, ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонон бирасонанд.



ҲХДТ: Коҳиши шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ



Шиор: «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Фирӯза Шарифӣ

, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо таъкид бар эътимоди ҳизби ҳоким ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, изҳор дошт, ки ба хотири аз байн бурдани мушкилоти ин қишри ҷомеа, хусусан, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ чораҳои мушаххас меандешад. Хонум Шарифӣ таъкид дошт, ки “мубориза бар зидди нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ ва содир кардани дигар амалҳои номатлуб аз тарафи ҷавонону наврасон мунтазам дар мадди назар боқӣ мемонад”.



М.Кабирӣ: Фазо ва муносибат ба инсон тағйир дода шавад



Шиори ҲНИТ: «Мо барои Тоҷикистон, Тоҷикистон барои ҳама»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муҳиддин Кабирӣ

, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо изҳори таассуф аз камтар шудани умед ба интихобот ва равандаҳои сиёсӣ дар ҷомеа, хостори он шуд, ки пеш аз ҳама фазо ва муносибат ба инсон тағйир дода шавад. Вай

 ҳамзамон иброз дошт: “Дар чунин ҳолате, ки ҳукумат наметавонад масъулияташро хуб анҷом диҳад, ба мардум чизи зиёд дода наметавонад, мо мегӯем, ки ҳадди ақал аз мардум чизе нагирад. Беҳтарин хидмате, ки ҳукумат дар чунин ҳолат мекунад, халал нарасондан ба мардум барои танзим ва беҳтар кардани зиндагии худаш аст. Вале вақте ҳукумат чизе ба мардум дода наметавонад, ё бигӯем, ки чизи хуб дода наметавонад, саривақтӣ дода наметавонад – на газ, на барқи бардавом, на роҳҳои хуб, на маошу нафақаю идрорпулии сазовор, ҳадди ақал аз мардум чизе нагирад… Бигзор пардохти андоз бошад, гумрук бошад – инҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Манзур аз ин пора нагирифтан ва талаб накардани маблағҳои зиёдатист. Инчунин аз ҳама муҳимтар, нагирифтани ҳуқуқи озодии мардум аст”.

“Бовар дорам, на танҳо ҳамчун як раиси ҳизби мухолиф, балки ҳамчун як шаҳрванд, ки ин интихобот воқеан табдил ба интихоботи муътадилсози вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар мегардад. Ба шарте ки қонун риоя шавад, ваъдаи президент дар бораи шаффофият иҷро шавад, интихобот метавонад табдил ба омили ваҳдат ва субот гардад. Вале агар худо накарда иҷро нашаванд, он фишорҳое, ки имрӯз болои ҳизбҳо, аз ҷумла, Ҳизби наҳзат омада истодааст, идома пайдо кунад, баъзе мансабдорон хоста ё нахоста болои мушкилоти зиёди кишвар боз чанд мушкили дигарро зам хоҳанд кард, ки ин ба нафъи кишвар нест”, – изҳор дошт раиси ҲНИТ.



Ш.Шабодолов: 3 миллиард доллари Тоҷикистон ба хориҷа рафт



Шиори ҲКТ: «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи заҳматаш»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шодӣ Шабдолов

, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, мушкили аслии Тоҷикистон тамаркузи беш аз ҳадди ҳокимият дар дасти мақомоти иҷроия аст, ки парлумон ва додгоҳро тобеъи худ кардааст. “Пешниҳоди мо ин аст, ки вазифаҳои ҳокимият бояд ҷудо карда шавад. Президент хизмати бисёр кардааст, лекин дар марҳилаи дигари ислоҳоти Конститутсия мо бояд инро ҷорӣ кунем… Вабо шудааст. Як нафарро ҳоким мемонем, вай кормандони пешинаро меронад ва “команда”-и худро аз шумори ошною хешу табор ҷамъ мекунад. Дар иншооти хусусишуда худаш подшоҳ, занаш – “бухгалтер”, дигараш – “экономист”, акаву амакаш низ ҳаст. Ин фалокати мост!”.

Пешвои коммунистҳои Тоҷикистон бо ишора ба қисми даромади 3-миллиард долларии буҷети кишвар чунин изҳор дошт: “Дар натиҷаи касри тиҷорат 3 миллиард доллар бебозгашт ба хориҷа рафт. Ин маблағест, ки муҳоҷирони меҳнатии мо бо машаққати зиёд ба даст овардаанд. Вазифаи давлату парлумон ин аст, ки буҷаву бозори худро чунон муҳофизат намоянд, ки моро талаву тороҷ накунанд. Ягон давлати хориҷӣ ба таври ройгон ба мо чизе намедиҳад. Барои як доллар сад долларро ғорат карда мебаранд”.

Раиси ҲКТ ҳамчунин аз норасоии татбиқи қонунҳо дар кишвар ибрози нигаронӣ карда, аз ҷумла гуфт, ки шиор як асту иҷрои он тамоман дигар: “Ҳазор бор шунидем ин шиорҳоро, вале вақте замони амалисозӣ меояд, онҳое, ки ин шиорҳоро гуфтаанд, ҳатто аз сафи ҳизби коммунистӣ, об дар даҳон гирифта, хомӯш нишастанд, ки мабодо суханашон ба президент ё ҳукумат маъқул нашавад. Ин тавр бояд набошад”.



Р.Зоиров: Сиёсат ҳуқуқро зин задааст. Бояд баръакс бошад!



Шиори ҲСДТ: «Хирад, адолат ва тараққиёт»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раҳматилло Зоиров

, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, мегӯяд: “Ман касеро барои узвият дар ҳизб тарғиб намекунам, ба ҳизби мо огоҳона меоянд”. 

Ӯ зимни баррасии сиёсати имрӯзаи ҷавонон аз ҷумла гуфт: “Воқеият ҳамин аст, ки насли нави Тоҷикистон қариб вуҷуд надорад. Пароканда ва ҳуқуқаш маҳдуд аст. Дастгирии ҷавонон аз ҷониби сиёсати давлатӣ интихобӣ аст. Ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон риоя намешавад. Вале аслан ҳуқуқу озодиҳои кӣ риоя мешавад? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳуқуқи маъюбон, на занон, на ҳизбҳои сиёсӣ риоя намешавад. Сабаб ва мушкилии асосӣ дар он аст, ки сиёсат ҳуқуқро зин зада, болояш нишастааст. Бояд баръакс бошад! Агар мо ҳуқуқро, волоияти қонунро, ки дар Конститутсия эълон кардаем, ё баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд таъмин карда натавонем, ягон масъала аз ҷиҳати стратегӣ ҳал намешавад. Татбиқи қонун дар суд ё ҳокимияти иҷроия интихобӣ аст – нисбат ба як одам татбиқ мекунанд, аммо нисбат ба одами дигар намекунанд”.

Вай афзуд, ки парлумони Тоҷикистон, агар ҷуръат дошта бошад, бояд аз ҳокимияти иҷроия ва мақомоту вазоратҳо иҷрои қонунҳоро талаб кунад, маҳдудиятҳоро бартараф ва рақобати солимро дар ҷомеа таъмин созад.

Ба таъкиди раиси ҲСДТ, имрӯз дар Тоҷикистон дарки зарурати мубориза расидааст, лекин ҳоло худи мубориза вуҷуд надорад. “Мо зиёд мегӯем, ки мубориза даркор, лекин ба шаклҳои мубориза нав қадам гузошта истодаем”, – изҳор дошт Зоиров.



О.Бобоев: Мехоҳем дар парлумон ҷиноҳи иқтисодӣ таъсис диҳем



Шиори ҲИИТ: «Замонавикунонии ҷомеа баҳри зиндагии арзандаи инсон дар Тоҷикистон»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Олим Бобоев


, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки барномаи онҳо дар заминаи таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон таҳия шудааст. Ҳизби мазкур дар сурати роҳ ёфтан ба парлумон мехоҳад як ҷиноҳи иқтисодӣ таъсис диҳад. 


“Мо бештар ба масъалаҳои модернкунонии бахши воқеии иқтисодиёт, яъне саноат, соҳаи кишоварзӣ, рушди тиҷорат, соҳибкории хурду миёна, соҳаи бонкдории кишвар, таъмини раванди иқтисодӣ бо қарзҳои имтиёзноку зарурӣ таваҷҷуҳ мекунем. Ҳамзамон мо дар соҳаи иҷтимоӣ барномаи бисёр муфассал нисбати ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ пешниҳод кардем”, – афзуд Бобоев.





С.Исмонов: Андози баланд сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳост



Шиори ҲДТ: 




«




Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек




»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саидҷаъфар Исмонов

, раиси Ҳизби демократи ҶТ сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳои мутааллиқ ба соҳибкорони маҳаллиро дар баланд будани сатҳи андозбандӣ медонад, ки ин боиси кам шудани ҷойҳои корӣ мешавад. “70 дарсади қувваи дилхоҳ корхона ҷавонони аз 18-сола то 40-45 ҳастанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд ҷойи кор дошта бошанд ва мо имконият диҳем, ки истеҳсолот дар ҷумҳурӣ зиёд бошад. Барои ин бояд андозбандиро кам кунем. Андозбандиро кам кунем, қисми даромади буҷа кам мешавад. Буҷа агар кам шуд, идораи давлат суст мешавад, сохторҳои давлатӣ, қисми ниёзманди аҳолӣ бемаош мемонад”, – иброз дошт Исмонов.

Вай ҳамчунин пешниҳодоти худро дар мавриди гузаштан аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба шартномавию алтернативӣ ироа кард: “Чун мо дар ҷомеаи деморатӣ зиндагӣ мекунем, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад касеро бепул ё бе музди меҳнат кор фармонад. Ҷавонон қисми гунаҳкори ҷомеа нестанд, ки ба хизмати ҳарбӣ бираванд. Пас, ҳукумат бояд ба онҳо маош бидиҳад”.

Исмонов ҳамзамон аз сатҳи, ба гуфтаи ӯ, пасти, меъмории баъзе биноҳои тозабунёди пойтахт интиқод карда, иброз дошт, ки ин биноҳо “умуман бӯйи тоҷикиву шарқӣ надоранд”.



А.Ғаффоров: Мо ягон фишор ё мушкилиеро ҳис накардаем



Шиори ҲСТ: 




«




Ростиро завол нест




»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Абдуҳалим Ғаффоров

, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ бо Хабаргузории “Азия-Плюс” барномаи пешазинтихоботии худро чунин тавзеҳ дод: “Барои беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум дар барнома як масъалаи муҳимро гузоштем: Маҷмӯи маҳсулоти долиии Тоҷикистон 45 миллиарду 500 миллион сомониро ташкил медиҳад ва мо пешниҳод кардем, ки як дарсади он, баробар ба 450 миллион сомонӣ, барои бунёди манзилҳои иҷтимоӣ равона шавад. Дар ин сурат мо ҳар сол метавонем, 11 ҳазор шаҳрвандро, ки дар навбат истодаанд ва кормандони идораҳои буҷавӣ, модарони танҳо ҳастанд, бепул бо манзилҳои иҷтимоӣ таъмин кунем”.

Ғаффоров гуфт, ки ягон фишор ё мушкилиеро дар ҷараёни маъракаи таблиғотӣ эҳсос накардааст.



Ҳизби аграрӣ: 75 дарсади аъзои ҳизб ҷавононанд



Шиори ҲАТ: 




«




Зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон!




»

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зайнуддин Сафаров

, муовини аввали раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ гуфт, ки Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон феълан 49 ҳазор узв дорад, ки наздики 75 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ба қавли ӯ, ҷавонон пеш аз ҳама бояд ҳуқуқи худро донанд, чун дар акси ҳол “кӯркӯрона рафтор хоҳанд кард”. Вай пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои интихобӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон, пос доштан ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ, арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, афзоиши идрорпулии донишҷӯён, музди меҳнати муаллимони ҷавон ва мусоидат ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мутахассиони деҳотро бахше аз аҳдофи Ҳизби аграрӣ номид.


28-уми феврал дар Тоҷикиcтон рӯзи сукут эълом шудааст ва ҳар гуна таблиғ дар ин рӯз тавассути номзадҳову аҳзоб мамнӯъ аст.

spot_imgspot_img

Популярное