Тоҷикистону Ҳиндустон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

Аввали ҳафтаи равон дар Вазорати тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқоти сафир М.Ҷалолов бо муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Раҷив К. баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои тиҷорат ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамсӯҳбатон […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар Вазорати тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқоти сафир М.Ҷалолов бо муовини аввали вазири тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Раҷив К. баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои тиҷорат ва саноат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамсӯҳбатон нисбат ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта мешавад, рӯзи 25 феврали соли 2015 ҳамчунин сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федеролии амнияти озуқаворӣ ва кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сикандар Ҳаётхон Босан мулокот намуд, ки дар рафти он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.