Ҳамлаҳо ҷиҳати боздошти фаъолияти сомонаи «Азия-Плюс»

ASIA-Plus

Ба сомонаи «Азия-Плюс» бори дигар ҳамлаи пуриқтидори DDоS сурат гирифт. Тайи 10 рӯзи ахир ин аллакай кӯшиши сеюми халал ворид сохтан ба фаъолияти торнамо аст. Ҳамлаи аввал рӯзи 3 апрел ва он қариб аз ҷониби тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернети ватанӣ амалӣ шуда буд. Барои барқарор кардани фаъолияти устувори сомонаи 3 рӯз вақт лозим шуд. Баъди […]



Ба сомонаи «Азия-Плюс» бори дигар ҳамлаи пуриқтидори DDоS сурат гирифт. Тайи 10 рӯзи ахир ин аллакай кӯшиши сеюми халал ворид сохтан ба фаъолияти торнамо аст. Ҳамлаи аввал рӯзи 3 апрел ва он қариб аз ҷониби тамоми ширкатҳои фароҳамсози интернети ватанӣ амалӣ шуда буд. Барои барқарор кардани фаъолияти устувори сомонаи 3 рӯз вақт лозим шуд.

Баъди ҳамлаи нахусти пуриқтидор мутахассисон низоми ҳифз аз сарбории ғайриқонунии хеле барзиёди ба таври сунъӣ сохташударо таҳия намуданд, ки ин ба барқарор намудани кори сомона имкон дод, аммо 14 апрел ҳамлаҳо дубора барқарор шуданд ва акнун бадхоҳон тарзи корашонро дигар карданд. Бо ин сабаб муддати чанд вақт торнамо барои корбарони ҳам дохиливу ҳам беруна метавонад дастнорас бошад.

Сабаби чунин ҳамлаҳо ва аз ҷониби кӣ сурат гирифтани онҳо то ҳанӯз номаълум аст. Аз эҳтимол дур нест, ки як гурӯҳи хакерҳо пайдо шудаанд, ки «устуворӣ»-и сомонаро санҷиданианд.

Ҳамлаҳои DDoS тариқи компютерҳои хеле бисёри сироятгирифта (зараженный) сурат гирифта, тавассути он ба суроғаи муайян дар интернет дархостҳо ирсол мегарданд, ки ба сарборӣ (перегрузка) барзиёд ва баъзан ба дастнорасии торнамо боис мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.