Афзоиши саршумори паррандаву чорво ва истеҳсоли гӯшту шир дар Суғд

Баҳром Файзуллоев

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2015 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилояти Суғд саршумори чорвои калон 600,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,5 ҳазор сар ё 5 фоиз зиёд аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 44,6 ҳазор сар ё 3,3 фоиз ва […]



Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2015 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилояти Суғд саршумори чорвои калон 600,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28,5 ҳазор сар ё 5 фоиз зиёд аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 44,6 ҳазор сар ё 3,3 фоиз ва саршумори мурғ 150,7 ҳазор сар ё 10,9 фоиз афзудааст.

Аз саршумори умумӣ 92,5 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,6 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияи Ғончӣ – 18,1 фоиз,  Мастчоҳ – 6,8 фоиз, Кӯҳистони Мастчоҳ – 6,2 фоиз, Спитамен – 5,8 фоиз, Панҷакент – 4,9 фоиз, Истаравшан  – 4,1 фоизро ташкил додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати кишоварзии вилоят хабар доданд, дар ин давра истеҳсоли гӯшт дар ноҳияи Ашт ба миқдори 27,1%, Конибодом – 15%, Исфара – 1,2%, Бобоҷон Ғафуров – 8,8%, Айнӣ – 6,2%, Шаҳристон – 4,6% ва Мастчоҳ – 3,8% зиёд шуда, ҳаҷми умумии истеҳсоли гӯшт дар вилоят дар семоҳаи аввал 9 ҳазору 555 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4% зиёд аст.

Семоҳаи аввал истеҳсоли шир дар вилоят дар ноҳияҳои Зафаробод – 9,2%, Ғончӣ – 8,4%, Бобоҷон Ғафуров – 8,1%, Конибодом – 5,6%, Мастчоҳ – 5,3%, Исфара – 3,5%, Айнӣ – 2,9% ва Истравшан – 2% афзуда, дар маҷмӯъ 59355,7 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,6% бештар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ