Афзоиши шумори ҷиноятҳои қаллобиву ришвахорӣ дар семоҳаи аввал

ASIA-Plus

Семоҳаи авали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 15% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2015 афзоиши шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар вилояти Хатлон ба андозаи 34,3%, Суғд – 17,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – […]



Семоҳаи авали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,5 ҳазор ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 15% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-марти соли 2015 афзоиши шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар вилояти Хатлон ба андозаи 34,3%, Суғд – 17,7%, ноҳияҳои тобеи марказ – 15,8% ва шаҳри Душанбе – 0,9% ба қайд гирифта шуда, дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳои сабтшуда дар ВМКБ 6,3% коҳиш ёфтааст.

Дар зарфи 3 моҳи аввали соли равон беш аз 1,5 ҳазор ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудаанд, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2014 ба миқдори 12,4% зиёдтар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар ин давра шумори ҷиноятҳои марбут ба қаллобӣ – 14,5%, ришвахорӣ – 21,3%, дуздӣ – 36%, ҳамлаҳои ғоратгарона – аз 11 то 15 ҳолат афзуда, ҳодисаҳои хариду фурӯш ва рабудани одамон дар сатҳи соли гузашта боқӣ мондаанд.

Тайи 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 877 ҷинояти иқтисодӣ ва 112 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шуда, сатҳи умумии ошкоршавии ҷиноятҳо 83,6% (ҳамин давраи соли гузашта – 82,2%) -ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ