Бонки миллӣ сабабҳои заифшавии иқтисодро шарҳ дод

ASIA-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби ноустувории вазъи сиёсию-иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт. Дар маълумоти интишоршудаи БМТ дар ин робита […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад, ки бинобар сабаби ноустувории вазъи сиёсию-иқтисодии кишварҳои минтақа, номуътадилии бардавоми нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, вазъи иқтисодиёти кишвар дар моҳҳои январ-марти соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи нисбатан заифтар қарор дошт.

Дар маълумоти интишоршудаи БМТ дар ин робита зикр мегардад, ки дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 8,3 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 5,3 фоизро ташкил намуд. «Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва ноустувории иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», – таъкид мешавад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли равон 966 млн. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,8 фоиз кам аст. «Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил 13,7 фоиз ва бо кишварҳои хориҷаи дур 9,8 фоиз коҳиш ёфт ва коҳишёбии мазкур бо назардошти номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон, коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқолҳои пулӣ ва ба ин васила паст гардидани сатҳи талабот дар бозор алоқамандӣ дошт», – қайд мешавад дар маълумоти Бонки миллӣ.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки сарфи назар аз ин ҳама мушкилоти мавҷуда, ҳаҷми содироти молҳо дар давраи баррасишаванда 214,5 млн. долл. ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 фоиз зиёд буда, воридоти молҳо бошад, 751,7 млн. долл. ИМА-ро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,9 фоиз коҳиш ёфтааст ва дар натиҷа, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ҷамбаст гардида, ба 537,2 млн. долл. ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз кам мебошад.

«Ин раванд, пеш аз ҳама, дар натиҷаи коҳишёбии талабот ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маводи сохтмон, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ, маҳсулоти маъданӣ, инчунин нисбатан зиёд гардидани ҳаҷми содирот ва коҳиш ёфтани қурби пули миллӣ ба миён омад», – шарҳ медиҳанд дар БМТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ