Боздошти «Қорӣ Ҳусейн»-и машғул ба сафарбарии тоҷикон ба Сурия дар Маскав

Сайраҳмон Назриев

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини ноҳияи Шаҳритӯс Ҳусейн Одинамаҳмадов, бештар маъруф бо лақаби «Қорӣ Ҳусейн»-ро ба гумони даст доштан дар сафарбарии ҷавонони тоҷик ба Сурия тариқи қаламрави Туркия боздошт намуданд. Тибқи иттилои расида аз як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти ноҳияи Шаҳритӯс, «Қорӣ Ҳусейн» ҳудуди як моҳ пеш дар шаҳри Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод […]



Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон сокини ноҳияи Шаҳритӯс Ҳусейн Одинамаҳмадов, бештар маъруф бо лақаби «Қорӣ Ҳусейн»-ро ба гумони даст доштан дар сафарбарии ҷавонони тоҷик ба Сурия тариқи қаламрави Туркия боздошт намуданд.

Тибқи иттилои расида аз як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти ноҳияи Шаҳритӯс, «Қорӣ Ҳусейн» ҳудуди як моҳ пеш дар шаҳри Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуда, айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дорад. Ба иттилои манбаъ, ӯ дар шаҳри Маскав се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои сафарбарии минбаъда ба ҷанги Сурия ба Туркия фиристодааст.

Манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон маълумоти боздошти «Қорӣ Ҳусейн»-ро тасдиқ намуда, вале аз пешниҳоди маълумот бобати дар куҷову чӣ гуна боздошт шудани ӯ худдорӣ варзид ва қайд кард, ки нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти пешакии ин парванда ба уҳдаи муфаттишони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вогузор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ