Боздошти шаҳрванди Афғонистон дар ВМКБ бо миқдори зиёди маводи мухаддир

ASIA-Plus

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз як нафар шаҳрванди Афғонистон барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Бадахшон ва Раёсати КДАМ […]



Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз як нафар шаҳрванди Афғонистон барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Бадахшон ва Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Тегмайи ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар як нафар сокини 20-солаи вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон дастгир гардида, аз ӯ афюн бо вазни зиёда аз 6 килограмм ва бангдонаи каннабис бо вазни тахминан 6 килограмм дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд ва боздоштшуда ҳоло дар тавқифгоҳи муваққатии раёсати Агентӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ панҷ нафар сокинони вилоят дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо тақрибан 2 кг афюн ёфт ва мусодира гардид.

Ҳамин тариқ, фаъолияти боз як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки муддати тӯлонӣ бо паҳн намудани маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ машғул буданд, қатъ карда шуда, боздоштшудагон ҳоло дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии раёсати Агентӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ