Дарёфти боз як ҷасад аз зери ярч дар деҳаи Яккабеди Файзобод

Мавзуна Абдуллоева

Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи 14 апрел ҷасади боз як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо аз зери ярч пайдо карданд. Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои […]



Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи 14 апрел ҷасади боз як нафар ҳалокшуда Исломиддин Абдуллоеви 36-соларо аз зери ярч пайдо карданд.

Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҷасадҳои 3 нафари боқимондаи зери ярч ҳалокшуда идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа  дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд.

Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар – Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола рӯзи 7 апрел дарёфт шуда буд. Ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола рӯзи 10 апрел дарёфт гардид. То ҳанӯз аз зери ярч ҷасадҳои Далер Кабирови 17-сола, Фахриддин Нурови 29-сола ва Шодмон Амиршоеви 25-сола дарёфт нашудаанд.

Дарҳол пас аз ин ҳодисаи фоҷеабор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.