Сафири Олмон ба вохӯрӣ бо эътирозгарон омода буд

ASIA-Plus

Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро расман шарҳ дод. Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд мешавад, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе тақрибан 15-20 нафар гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд.. «Аз доду фарёди онҳо маълум набуд, […]



Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ҳодисаи имрӯза назди намояндагии дипломатиро расман шарҳ дод.

Дар изҳороти сафорат дар ин робита қайд мешавад, ки субҳи имрӯз назди бинои сафорати Олмон дар шаҳри Душанбе

тақрибан 15-20 нафар

гирдиҳам омаданд, ки асосан ҷавонон ва занон буда, рӯҳияи шиддатноке доштанд ва панҷараву шишаи зиреҳпӯшро мекӯфтанд..

«Аз доду фарёди онҳо маълум набуд, ки онҳо барои чӣ ва муқобили чӣ овоз баланд кардаанд. Сафири Олмон Холгер Грэн ба қабули ду нафар аз намояндагони эътирозгарон омодагӣ изҳор намуд, вале суҳбат доир нагардид, зеро гирдиҳамомадагон хеле ба эҳсосот дода шуда, сафорат ба хотири таъмини амният дарҳои даромадгоҳро кушода наметавонист», – зикр мегардад дар шарҳи сафорати Олмон.

«Ба назари мо, худи иштирокчиёни гирдиҳамойӣ намедонистанд, ки барои чӣ ва муқобили кӣ ба ин амал даст задаанд. Сабабҳояшро мо танҳо тахмин зада метавонем. Пас аз ба макони ҳодиса расидани кормандони милиса, иштирокчиёни намоиш пароканда шуданд», – илова мегардад дар шарҳи намояндагии дипломатӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди раисҷумҳурони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.