Шиносоии раисони шаҳру навоҳии Суғд бо фаъолияти марказҳои таълимиву истеҳсолӣ

ASIA-Plus

Дар доираи семинари дастурдиҳӣ оид ба амалисозии Барномаи вилоятии «Соҳибхоназани Суғд бояд соҳибкор, ҳунарманд ва ё косиб бошад» раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯзи 14 апрел бо фаъолияти Маркази таълимӣ -истеҳсолии «Шероз» шинос шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи дастури  раиси вилоят бояд соли ҷорӣ дар тамоми […]



Дар доираи семинари дастурдиҳӣ оид ба амалисозии Барномаи вилоятии «Соҳибхоназани Суғд бояд соҳибкор, ҳунарманд ва ё косиб бошад» раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рӯзи 14 апрел бо фаъолияти Маркази таълимӣ -истеҳсолии «Шероз» шинос шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тибқи дастури  раиси вилоят бояд соли ҷорӣ дар тамоми ҷамоату деҳоти шаҳру навоҳии вилоят марказҳои таълимӣ-истеҳсолии қолинбофию дӯзандагӣ таъсис дода шавад.

Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пас аз шиносоӣ бо фаъолияти «Шероз» бо ҷараёни кор дар маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” шинос гардиданд. Ин маркази навтаъсис дорои 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ буда, дар маҷмӯъ дар он 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Тавре зимни шиносоиҳо таъкид гардид, соли равон дар тамоми ҷамоату деҳоти вилоят таъсиси чунин марказҳо дар назар гирифта шуда, ба ин васила бояд беш аз 9 ҳазор нафар бонувони вилоят соҳибкасб гарданд.

Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот инчунин бо фаъолияти Комплекси хизматрасонии зообайторӣ, ки чанде қабл дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ гардида буд, ошноӣ пайдо намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.