Боздиди намояндагони Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой аз АНМН

Рӯзҳои 24-26 апрели соли ҷорӣ ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии ёрдамчии Вазир ҷаноби Лю Юезин доир ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ба Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҳайати вакилон инчунин роҳбари Департамент оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, муовини роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва як қатор ҷузъу томҳои […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 24-26 апрели соли ҷорӣ ҳайати вакилони Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии ёрдамчии Вазир ҷаноби Лю Юезин доир ба масъалаҳои таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ба Тоҷикистон ташриф овард. Ба ҳайати вакилон инчунин роҳбари Департамент оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, муовини роҳбари Департаменти муносибатҳои байналмилалӣ ва як қатор ҷузъу томҳои Вазорат шомил буданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ 25 апрели соли ҷорӣ ҳайати вакилони ВАҶ ҶХХ аз Агентии мазкур боздид намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назаров меҳмононро оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар дар минтақа иттилоот дод, инчунин бо сохтори Агентӣ, бо тамоюли ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, оиди ҳамкории муштарак бо Вазорати амнияти ҷамъияти Хитой шинос намуд. Роҳбари Агентӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар махсусан қайд намуд.

Ӯ инчунин иттило дод, ки дар чорчӯбаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ тарафҳо механизми ҳамкории байналмилалиро созмон додаанд, инчунин ҳамкории зичи тарафҳо дар чорчӯбаи СҲШ ба роҳ монда шудааст.

Роҳбари Агентӣ иттило дод, ки байни Агентӣ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Хитой як қатор амалиётҳои бобарор анҷом ёфт, ки ин заминаи мустаҳкам барои давом додани ҳамкорӣ мебошад. Директори Агентӣ пешниҳод намуд, ки мубодилаи иттилоот байни АНМН ва ВАҶ ҶХХ, ҳамкории дутарафа дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба роҳ монда шавад.

Директори Агентӣ инчунин қайд намуд, ки дар соли 2013 бо Фармони Президенти ҶТ “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид, ки мақсади асосии он коҳиш додани паҳншавии ғайриқонунини маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии он, ҳаҷми оқибатҳои муомилоти ғайриқонунӣ барои бехатарии солимии аҳолӣ, ҷомеа ва давлат, инчунин барои таҳкими ҳамкории байналмиллалӣ мебошад.

Дар охири сухани худ Директори Агентӣ тарафи хитоиро барои кӯмаки расонида шуда арзи сипос намуда, қайд намуд, ки аз соли 2008 то 2014 тарафи хитоӣ ба Агентӣ дар намуди таҷҳизоти техникӣ, нақлиёт ва омӯзиши кормандон кӯмак расонидааст.

Роҳбари ҳайати вакилони Хитой як қатор пешниҳодҳоро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, мубодилаи ҳайати вакилон, созмон додани алоқаи мустақим байни идораҳо ва мубодилаи иттилоот баррасӣ намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки тарафи хитоӣ омода аст ба Тоҷикистон коршиносонро дар соҳаи назорати маводи нашъаовар равон намояд, кӯмаки амалӣ дар ташкили омӯзиши кормандони Аген

Тарафҳо қарор доданд, ки дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалиёти муштараки зиддимухаддиротии оперативӣ-пешгирикунандаро бо мақсади ҷилавгирии қочоқи маводи нашъаовари афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Хитой ва бастани роҳҳои интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ва прекурсорҳо аз Хитой ба Тоҷикистон гузаронанд.

Ҳайати вакилон аз Шуъбаи Иттилоотӣ-таҳлилӣ, Лабораторияи экспертизаҳои судӣ ва ӯтоқи нигоҳдории маводи нашъаовар дидан намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.