«Истиқлол» пешсафи ягона дар ҷадвал боқӣ мемонад

Рӯзи душанбе, 4 май бозии охирини даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва КМВА «Помир» (Душанбе) баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон – тими «Истиқлол» бар ҳарифи худ бо ҳисоби калони 5 бар 1 дастболо шуданд. Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи душанбе, 4 май бозии охирини даври чоруми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва КМВА «Помир» (Душанбе) баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон – тими «Истиқлол» бар ҳарифи худ бо ҳисоби калони 5 бар 1 дастболо шуданд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Истиқлол» – ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов (4 тӯб) ва капитани даста Дилшод Восиев ва аз дастаи КМВА «Помир» – Давронҷон Тӯхтасунов ба ҳадаф расонидаанд.

Ҳамин тариқ, дар чор даври аввали мусобиқа дастаи «Истиқлол» пайдарҳам пирӯзӣ ба даст оварда, пешсафи ягонаи ҷадвали мусобиқот аст. Вохӯрии навбатиашро дастаи «Истиқлол» рӯзи 8 май бо дастаи «Равшан» (Кӯлоб) баргузор мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.