Тӯли 8 моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 3,2 фоиз баробар шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз ҷумла нархҳо ба маводи ғизойӣ – 2,7%, маҳсулоти ғайриғизойӣ – 3,8% ва тарифҳо ба хизматгузориҳои пулакӣ – 4,3% афзудаанд.
Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ-августи соли гузашта нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо 5,4% боло рафта буданд.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таваррум моҳи августи соли ҷорӣ 0,5%-ро ташкил дод. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.
Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Мебояд гуфт, сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.

