Содироти 139 млн. кВт/соат барқ ба Қирғизистон

Пайрав Чоршанбиев

– То 21 сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамагӣ 139 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – хабар додаанд ба ВАО-и Қирғизистон аз Вазорати энергетика ва саноати ин кишвар. Қаблан аввали моҳи июн ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон […]



– То 21 сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамагӣ 139 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, – хабар додаанд ба ВАО-и Қирғизистон аз Вазорати энергетика ва саноати ин кишвар.

Қаблан аввали моҳи июн ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми то 500 млн. кВт/соат дар мавсими тобистон бо нархи 2,5 сет барои 1 киловатт ба мувофиқа расиданд.

Гуфтушунидҳои миёни Тоҷикистон Қирғизистон оид ба содироти барқ аз Тоҷикистон қариб се моҳ тӯл кашиданд.Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморида, ба нархи ҳамагӣ 2 сент (барои 1 кВт/соат) чун дар соли гузашта исрор варзида буданд.

Бино ба маълуомти ширкати «Барқи тоҷик», то аввали моҳи сентябр ба Қирғизистон ҳудуди 105 млн. кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари Тоҷикистон нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояи Афғонистон низ содирот мешавад. Тӯли 8 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба ин кишвар бо нархи 3,7 сент барои 1 кВт/соат беш аз 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Моҳи июли соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон

ҳудуди 195 млн. кВт/соат нерӯи барқ

(моҳи июли соли 2014 – тақрибан 168 млн. кВт/соат) содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 17% зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ду хабарнигори “Азия-Плюс” – Меҳрофарин Наҷибӣ ва Пайрав Чоршанбиев барандаи ҷойҳои аввали озмуни “Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд” шуданд ва Олга...

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.