Ҷангиёни тоҷик ба сафҳои «Ҷабҳат ан-Нусра» пайвастанд

ASIA-Plus

Қариб якуним ҳазор зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Чеченистон барои мубориза бо Давлати исломӣ ба садоқатмандӣ ба ҳаракати «Ҷабҳат ан-Нусра» савганд ёд карданд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсони Сурия, қароргоҳаш воқеъ дар Лондон хабар медиҳад. Қобили зикр аст, ки «Ҷабҳат ан-Нусра» дар қатори Давлати исломии Ироқу Шом дар […]



Қариб якуним ҳазор зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Чеченистон барои мубориза бо Давлати исломӣ ба садоқатмандӣ ба ҳаракати «Ҷабҳат ан-Нусра» савганд ёд карданд. Дар ин бора

Радиои Озодӣ

бо истинод ба Маркази мониторинги риояи ҳуқуқи инсони Сурия, қароргоҳаш воқеъ дар Лондон хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки «Ҷабҳат ан-Нусра» дар қатори Давлати исломии Ироқу Шом дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст. «Ҷабҳат ан-Нусра» яке аз воҳидҳои созмони террористии «Ал-Қоида» дар Сурия мебошад. Ғайр аз ин, ба иттилои ин марказ, ҷангиёни гурӯҳи «Муҷоҳирин» низ садоқаташон ба «Ҷабҳат ан-Нусра»-ро изҳор кардаанд.

Ҳамин тариқ, «Ҷабҳат ан-Нусра» дар мубориза бо гурӯҳои тундгарои суннии Давлати исломӣ, ки чанде аз қаламрави Ироқу Сурияро дар ихтиёр дорад, аз ҷангиён дастгирӣ ёфт. Ҷангиёни гурӯҳи «Муҷоҳирин» тақдири мубориза миёни ин гурӯҳҳо барои шаҳри Алеппои Сурияро ҳал карда метавонанд.

«Ҷабҳат ан-Нусра» ба Усома бин Лоден ва раҳбари кунунии Ал-Қоида вафодор монда, як ҷо бо Давлати Исломӣ ё ДОИШ бар зидди артиши Сурия меҷангиданд. Вале баъди ихтилоф дар соли 2013, ин ду гурӯҳ бар зидди якдигар бархостаанд. Намояндагони «Ҷабҳаи ан-Нусра» изҳор доштанд, ки 30 дарсади нерӯҳои он хориҷиён ва аз Аврупову Осиё, Русия ва чеченҳо мебошанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ