Ба собиқ фармондеҳи «Алфа» баъд аз марг рутбаи «генерал-майор» дода шуд

ASIA-Plus

Ба собиқ фармондеҳи воҳиди таъиноти махсуси КДАМ Тоҷикистон «Алфа» полковник Рустам Амакиев, ки зимни амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат расид, баъд аз марг рутбаи ҳарбии «генерал-майор» дода шуд. Баъд аз марг Рустам Амакиев ҳамчунин бо ордени Спитамен дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Ин мукофот имрӯз аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ […]



Ба собиқ фармондеҳи воҳиди таъиноти махсуси КДАМ Тоҷикистон «Алфа» полковник Рустам Амакиев, ки зимни амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳалокат расид, баъд аз марг рутбаи ҳарбии «генерал-майор» дода шуд.

Баъд аз марг Рустам Амакиев ҳамчунин бо ордени Спитамен дараҷаи якум сарфароз гардонида шуд. Ин мукофот имрӯз аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба падари Рустам Амакиеви ҳалокшуда супурда шуд.

Дар чорабинии бахшида ба анҷоми амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон оид ба безарар ва несту нобуд сохтани гурӯҳи ҷиноятпешаи генерали ошӯбгар Назарзода (аз 4 то 16-уми сентябр дар дараи Ромит), ки имрӯз дар Гвардияи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, фармонҳои президент дар бораи сарфароз гардонидани иштирокчиёни ин амалиёт бо ордену медалҳо ва мукофотҳои давлатӣ хонда шуданд.

Аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки  муовинони аввали роҳбарони ВКД ва КДАМ Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода ва Мансурҷон Умаров бо оредени Спитамен дараҷаи якум мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин 8 нафар сокинони дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ки ба сохторҳои қудратӣ дар безарар гардонидани аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим кумаки муассир расониданд, низ бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуданд.

Аз номи президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон ба 14 оилаҳои намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки зимни иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок шуданд, кумаки моддиву маънавӣ расонида шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсӣ, ки дар амалиёти мазкур далерона иштирок карда, рисолат ва қарзи фарзандии худро дар назди  модар – Ватан ва халқи Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро намуданд, аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат бори дигар миннатдории самимӣ изҳор кард.

Чорабинии имрӯзаро гузашти низомии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои зудамал, воҳидҳои танкӣ, артиллерия ва Оркестри ҳарбии муттаҳидаи Вазорати мудофиа ва гвардияи миллӣ анҷом бахшиданд.




Камтар аз як моҳи дигар, 20 октябр







Рустам Амакиев



ба синни 41-солагӣ мерасид. Ӯ ду фарзанди ноболиғро тарбия мекард.








Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ