Боз дар як хиёбони пойтахт тамоми дарахтони кӯҳна бурида мешаванд

ASIA-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи азнавсозии хиёбони Ҷаббор Расулови пойтахт (аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Раҳмон Набиев) дарахтоне, ки ба азнавсозии роҳи мошингард монеъа эҷод мекунанд, бурида мешаванд. Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бар асоси тавсияҳои раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ […]



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи азнавсозии хиёбони Ҷаббор Расулови пойтахт (аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Раҳмон Набиев) дарахтоне, ки ба азнавсозии роҳи мошингард монеъа эҷод мекунанд, бурида мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин қарор бар асоси тавсияҳои раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» ва ҳамчунин комиссияи ҷамъиятӣ қабул шудааст.

Раиси пойтахт ба хадамоти дахлдори шаҳрдорӣ супориш дод, ки ба ҷойи дарахтони бартарафшуда ниҳолҳои нави мутобиқ ба талаботи меъёрҳои экологии шаҳр шинонанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дарахтони бартарафшаванда дар ҳаҷми умумии 286 м3 ба тавозуни ноҳияи Сино гузаронида шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ