Э.Раҳмон ба муҷозоти ҳамаи ҷинояткорону хоинон дастур дод

ASIA-Plus

Зимни суханронии имрӯза дар вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои тафтишотӣ супориши қатъӣ дод, ки тамоми чораҳоро андешанд, то ҷинояткорону хоинон мувофиқи кирдори содиркардаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли 12 шабонарӯзи амалиёти […]



Зимни суханронии имрӯза дар вохӯрӣ бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои тафтишотӣ супориши қатъӣ дод, ки тамоми чораҳоро андешанд, то ҷинояткорону хоинон мувофиқи кирдори содиркардаашон дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Сарвари давлат қайд кард, ки тӯли 12 шабонарӯзи амалиёти зиддитеррористӣ даҳҳо оилаи тоҷик мотамзада гардида, «ин хиёнати чанд нафар намакзада ба мардум чӣ қадар зарари маънавӣ расонид ва номи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баъди ин қадар дастоварду пешравиҳо доғдор сохт».

Ба гуфтаи ӯ, «воқеаҳои охир нишон доданд, ки ҳанӯз ҳам афроде ҳастанд, ки бо кумаку ҳидоят ва пуштибониву маблағгузории хоҷаҳои хориҷии худ мехоҳанд пойдевори сулҳи пойдори тоҷиконро халалдор созанд, яъне ба хонаи худ оташ зананд».

«Вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки мардуми кишвари азизамон арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоиштаро амиқан дарк менамоянд, заҳматҳои сангини ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллиро фаромӯш накардаанд ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намераванд»,  – гуфт дар идома Эмомалӣ Раҳмон.

Президент аз он изҳори таассуф кард, ки «ҳоло ҳам баъзе аз афроди ҷомеаи мо ба қадри сулҳу ваҳдат намерасанд ва бо маблағи бегонагон ба ташвиқи бегонапарастӣ  ва фарҳангу мазҳаби ғайр, гумроҳ намудани мардум ва ноором кардани вазъи орому осудаи кишварамон даст мезананд».

«Бадхоҳони миллат ҳоло ҳам хулоса накардаанд, ки ноором намудани вазъият дар кишварҳои арабӣ чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта шудааст ва миллионҳо нафарро сарсону саргардон кардааст», – таъкид дошт сарвари давлат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.