Фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2015» дар Суғд

ASIA-Plus

Бо қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, моҳи октябри соли равон дар қаламрави вилоят Фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2015» гузаронида мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят, фестивал бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф ва тарғиби сару либос аз матоии табии аз […]



Бо қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, моҳи октябри соли равон дар қаламрави вилоят Фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2015» гузаронида мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилоят, фестивал бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матои атлас ва адраси дастибоф ва тарғиби сару либос аз матоии табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ доир мегрдад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳадаф аз баргузории фестивал рушди меҳнати хонагӣ, аз ҷумла гулдӯзӣ ва қуроқдӯзӣ, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, фарҳанги либосдӯзии аҷдодӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчунин баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ ва ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки ба иштирокчиёни беҳтарини фестивал аз 1 000 то 10 000 сомонӣ мукофотпулиҳо дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ