Фоҷеа дар Вахш: Модари ҷавон бо се кӯдакаш худро ба дарё афканд

Радиои Озодӣ

Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст. Худи зан аз дарёи Вахш зинда берун оварда шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад. Ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр дар ноҳияи Вахш рух додааст. Он рӯз, Саломат Пирова хонаи ҳамсарро оташ зада, худ ва […]



Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст. Худи зан аз дарёи Вахш зинда берун оварда шуд. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр дар ноҳияи Вахш рух додааст. Он рӯз, Саломат Пирова хонаи ҳамсарро оташ зада, худ ва се кӯдакашро ба дарё партофтааст. Дар ин ҳодиса ҳарсе кӯдаки зан ҷон дода, худи ӯ зинда берун оварда шуд. Кӯдакони фавтида –  Алишери 4−сола, Садбарги 2−сола ва Сумайяи 6−моҳа мебошанд.

Худи Пироваро ҳамдеҳагон  зинда, вале дар ҳолати беҳушӣ аз об берун оварданд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи Вахш бистарӣ мебошад. Ҳанӯз ангезаи даст ба худкушӣ задани ин зан, ки боиси ҳалокати фарзандон шудааст, маълум нест.

Хабарнигори радиои Озодӣ, ки ин мавзӯъро таҳқиқ дорад, гуфтааст, дар назари аввал, зиндагии Пирова хеле хоксорона менамояд ва зоҳиран  ӯву шавҳараш зиндагии фақиронаеро доштаанд. Ҳамсари Саломат Пирова – Аҳлиддин Абдуллоев  то як ҳафта пеш бекор буд. Ҳамин 7-8 рӯзи охир кӯшиш мекард ҳамчун чекчин дар бозори маҳаллӣ пуле ба даст оварад. Ҳоло фарзияи асосии ин фоҷеа – фақру бебизоатии шадиди хонавода гуфта мешавад.

Ҳодисаи мазкур шабеҳи фоҷеае дар Душанбе аст, ки 5 июл дар Душанбе рух дод. Он рӯз як сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева ҳамроҳ бо се тифти ноболиғаш худро ба дарёи Душанбе андохт ва боиси ҳалокати фарзандонаш шуд. Худи ӯро зинда аз об берун оварданд. Ҳоло парвандаи ин занро додгоҳ баррасӣ мекунад ва бар тибқи арзёбиҳои пешакии ҳуқуқшиносон, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.