Президенти Тоҷикистон ба Ню-Йорк раҳсипор шуд

ASIA-Plus

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Интизорӣ […]



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорк сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёвари президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк яке аз чорабиниҳо таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев қаблан дар мусоҳиба ба Радиои СММ

дар ин робита изҳор намуда буд

, ки дар ҳошияи нишасти СММ оид ба рушди устувор дар Ню-Йорк таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Таиланд Ниваттхумронга Бунсонгпайсан рӯзи 27 сентябр чорабинии сатҳи баланд доир мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи об, мушкилоти истифодаи об, маҷроҳои фаромарзии об ва дигар паҳлӯҳои масъалаҳои марбут ба об бахшида хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.