Вазири корҳои дохилӣ ба аёдати маҷрӯҳон рафт

ASIA-Plus

Рӯзи 24 сентябр, дар рӯзи таҷлили Иди саиди Қурбон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони Дастаи таъиноти махсуси ВКД ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки зимни ҳуҷуми мусаллаҳона ва амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода […]



Рӯзи 24 сентябр, дар рӯзи таҷлили Иди саиди Қурбон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Маркази миллии тиббии «Қарияи Боло» дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз ҳолу аҳвол ва саломатии кормандони Дастаи таъиноти махсуси ВКД ва ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, ки зимни ҳуҷуми мусаллаҳона ва амалиётҳои махсуси зидди гурӯҳи террористии А.Назарзода маҷрӯҳ гардидаанд, хабар гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир онҳоро бо Иди Қурбон табрик гуфта, ба онҳо шифои комил хост. Ҳамзамон зимни аёдат ва дидорбинӣ аз номи ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ ба маҷрӯҳон тӯҳфаҳои идона ва маблағи пулӣ тақдим карда шуданд.

Зимнан қайд гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  таҳти дастгирию ғамхории  пайвастаи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба онҳо кӯмаки ҳамаҷониба расонида хоҳад шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ