Гулмурод Ҳалимов ба рӯйхати террористони таҳти таҳрими ИМА шомил шуд

Date:



Собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки моҳи апрели соли равон ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, ба рӯйхати террористони таҳти таҳрими ИМА шомил шуд.

Бино ба маълумоти департаменти давлатии ИМА, рӯзи 29 сентябр ҳукуматдорони ин кишвар нисбати 35 созмону ташкилотҳо ва шахсони воқеъӣ, ки ба ин ё он гунае ба фаъолияти Давлати исломӣ алоқамандие доранд, таҳҳримҳо ҷорӣ намуд.

Миёни созмону ташкилотҳо воҳидҳои Давлати исломӣ дар Қафқози Шимолӣ, Алҷазоир,Миср ва чанде дигар давлатҳо ва дар байни террористон шаҳрвандони Фаронса, Британияи Кабир, Тоҷикистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Ямае ва дигар давлатҳо зикр шудаанд.

Суратҳисобҳо ва моликияти созмону ташкилотҳо ва афроди дар ин рӯйхат зикршуда дар ИМА баста ва муносибатҳои кории ширкатҳои амрикоӣ бо онҳо манъ аст.

Шаҳрванди Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки айни замон дар Сурия аст, низ дар ин рӯйхат ҳузур дорад. Фармондеҳи 40-солаи ОМОН-и ВКД Тоҷикистон ахири моҳи апрел бедарак шуда, ба кор намебаромад ва макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи 28 май нахустин навори видеои муроҷиати Г.Ҳалимов пайдо шуд, ки дар он ӯ ба нишони эътироз аз маҳдудиятҳо дар адои расму оинҳои динӣ, аз пайвастанаш ба Давлати исломӣ хабар дод. Ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки боз ба Тоҷикистон бармегардад, то ки дар он ҷо қонунҳои шариатро ҷорӣ намояд.

Прокуратураи Тоҷикистон нисбати Г.Ҳалимов ба иттиҳоми хиёнат ба давлат, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар низоъҳои мусаллаҳона дар қаламрави кишварҳои дигар ва ҳамчунин зархаридӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯ тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд

Гулмурод Ҳалимов хатмкардаи Акдемияи олии ВКД буда, соли 2012 фармондеҳи ОМОН-и ВКД таъин карда шуд. Тӯли хизмат дар ин сохтор ӯ борҳо ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштааст. Якчанд маротиба Ҳалимов дар доираи барномаи табодули таҷриба дар Русия ва ИМА таҷриба андӯхта, аз санҷишҳои ҳукумати кишвар низ гузашта буд. Ҳамсар ва 8 фарзанди Ҳалимов дар ватан қарор доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...