Home Мавзуъҳо Сиёсат Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Алҷазоир дар Париж

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Алҷазоир дар Париж

0
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Алҷазоир дар Париж



Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия рӯзи 30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим бо Сарвазири Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулмалик Саллол мулоқот карда, зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст гуфтугӯи  самимӣ анҷом дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки“мардумони шарифи кишварҳои қадимаи моро робитаҳои хеле амиқи таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак мепайванданд”.

“Мо низ ҳавасманди ҳамкориҳои хуб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар самти иқтисоду фарҳанг ва энергетика ҳамкорӣ дошта бошем” -изҳор дошт дар ҷараёни суҳбат Абдулмалик Саллол.

Дар мулоқот доир ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, тиҷорати минтақавию байниминтақавӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз меваву сабзавот, истихроҷи газу нафт ва бунёди корхонаҳои коркарди нафт гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Изҳори умед карда шуд, ки минбаъд ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм ва фарҳанг низ ба роҳ монда мешаванд.

Ҷонибҳо аз вазъи  имрӯзаи минтақаи Шарқи Наздик изҳори нигаронӣ намуда, хоҳони ҳалли мусолиматомези бӯҳронҳои бамиёномада дар кишварҳои минтақа шуданд ва изҳори умед карданд, ки кишварҳои мусулмонӣ дар мубориза бар зидди экстремизму терроризм ҳамкории худро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ тақвият мебахшанд. 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here