Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) 9 марти соли равон масъалаи рушди сохтори бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди ТоҷикСодиротБонк -ро (ТСБ) баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо инчунин кӯшишҳои БМТ-ро ҷиҳати паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, БАТР стратегияи нави “ТоҷикСодиротБонк”-ро, ки он ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, аз ҷумла тавассути ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ, ки ба сохтори сармояи бонк нигаронида шудааст, хуш пазируфт ва аз он дастгирӣ намуд. БАТР умедвор аст, ки дар амал татбиқ шудани ҷараёни мазкур ба БАТР ҷиҳати аз нав оғоз намудан ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба бо ТСБ имконият медиҳад.
Гуфта мешавад, ар вохӯрӣ аз ҷониби БАТР Георгий Орлов, Директори Шуъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Артур Погосян, муовини Директор, Пешбарандаи тиҷорат дар ташкилотҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ричард Ҷонс, Директори намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби БМТ дар вохӯрӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев ва муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромов ширкат варзиданд.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл «Тоҷиксодиротбонк»
бо нашри як маълумот
дар сомонаи расмии худ танаффусҳои имконпазир вобаста ба хизматгузориҳо аз рӯи кортҳои бонкиро ба гузаштани ин ниҳод ба маркази протсессинги худӣ нисбат дод.
Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии бонк зикр мегардад, ки бо қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ба санаи 19 марти соли равон маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк таъин шудааст.



