Далер Табаров, писари дуюми адвокат Исҳоқ Табаров аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуда, ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 347 КҶ ҶТ (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора
Радиои Озодӣ
хабар медиҳад.
Барои содир намудани ин ҷиноят ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми аз 500 то 1000 нишондиҳандаи ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.
Айбнома ба Далер Табров аз ҷониби суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Ба гуфтаи адвокат, айни замон писараш дар тавқифгоҳи мувақкатӣ (СИЗО)-и №1-и қарор дорад.
Исҳоқ Табаров бар ин назар аст, ки боздошти фрзандаш фишори навбатӣ ба худи ӯ ва фаъолияти адвокатиаш мебошад. «Ман мутмаинам, ки Далер ин ҷиноятро содир накардааст», – гутфааст ӯ ба Радиои Озодӣ.
Исҳоқ Табров аз баҳори соли 2013 аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва наздикони ӯ дар суд ҳимоят мекунад.
Қобили зикр аст, ки аз оғози мурофиаи додгоҳӣ нисбати Зайд Саидов аз манфиатҳои ӯ се адвокат – Исҳоқ Табаров, Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ҳимоят мекарданд. Баъдан барои кӯшиши порадиҳӣ Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, сипас муҳлати зиндони ӯ то 3 солу 8 моҳ кам карда шуд. Фаррух Зокиров мутобиқи моддаи 250-и КҶ ҶТ ба тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад. Исҳоқ Табаров ягона адвокати Зайд Саидов боқӣ монда буд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.
Суди олии Тоҷикистон санаи 11 августи соли 2015 нисбати Зайд Саидов боз аз рӯи як парвандаи ҷиноии дигар ҳукм содир намуда, ба муҳлати асосии ӯ боз 3 соли дигар илова кард. Акнун Зайд Саидов дар маҷмӯъ 29 солро дар зиндон паси сар мекунад.
Айни замон ҳукуматдорон ба мусодираи амволи хешону наздикони Зайд Саидов, аз ҷумла фарзандони ӯ шурӯъ намуданд. Аввали моҳи феврал Исҳоқ Табаров бо дархости хотима бахшидан ба амалҳои ғайриқонунӣ нисбати наздикони Зайд Саидов ба президент муроҷиат намуд, то ки амволи онҳо мусодира нашавад, зеро беш аз 50 нафар зимистон бесарпаноҳ дар кӯча мемонанд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Фирӯз Табаров, писари якуми адвокат Исҳоқ Табаров бо ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат
ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Фирӯз Табаров ба зархаридӣ (моддаи 401) ва даъватҳо барои тағйир додани сохти конститутсионӣ (моддаи 307 КҶ ҶТ) муттаҳам дониста шуд.



