Размоишҳои Тоҷикистону Русия қариб дар тамоми ҳудуди марз бо Афғонистон

ASIA-Plus



Размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия имрӯз, 15 март дар машқгоҳи «Ҳалқаёр»-и гарнизони Хатлон оғоз гардиданд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки субҳи имрӯз иштирокдорони размоиши бузургмиқёси дар машқгоҳи «Ҳалқаёр» ҳузурдошта бо бонги хатар омода шуда, ин замон низомиёни тоҷику рус роҳандозии амалиёти муштарак зимни вуруди гурӯҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро машқу тамрин доранд.

«Имрӯз тариқи авиатсияи ҳарбии нақлиётӣ гурӯҳҳои муштараки десантии артиши Тоҷикистону Русия ба қитъаҳои имконпазири вуруди гурӯҳҳои террористии шартӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон партофта мешаванд», – гуфт Ф.Маҳмадализода.

Ба қавли ӯ, размоиши мазкур беш аз 1 ҳазор километр масофаи марзи Тоҷикистону Афғонистон (масофаи умумӣ – беш аз 1,4 ҳазор километр)-ро фаро мегиранд.

Размоишҳо 16 март дар машқгоҳи «Момирак», 17 март – дар машқгоҳи «Лоҳур» ва рӯзҳои 18-19 март дар машқгоҳи «Сумбула» идома ёфта, 20 март ба итмом мерасанд.

Дар машқгоҳи «Сумбула» рӯзҳои 16-17 март тамринҳои сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллии Тоҷикистон доир мегарданд, ки дар онҳо намояндагони ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат меварзанд. Дар «Сумбула» тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав ва сафарбарии техникаву аҳолӣ ба он мавриди омӯзиш ва дар амал иҷро карда мешаванд.

Ба размоишҳои муштараки артишҳои Тоҷикистону Русия 950 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия, 32 адад авиатсия ҳарбӣ ва нақлиётӣ, 50 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши Тоҷикистон ва 2 ҳазор нафар низомиёни Русия сафарбар мешаванд.

Бори нахуст дар таърихи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар баргузории размоишҳо ба ҷуз афсарону сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар он нерӯҳои иловагӣ ва воситаҳои Ҳавзаи низомии марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар низ иштирок мекунанд.

Ба размоишҳо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода фармондеҳӣ карда, ҷараёни баргузории онҳоро вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо назорат мекунад.

Қобили зикр аст, ки марҳилаи асосии размоиши фармондеҳӣ-ситодии воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон

14 март оғоз гардида буд

. Дар вазъи ҷангӣ бо истифода аз воситаҳои муосири табодули маълумот дар дохили нуқтаҳои идоракунандаи ситодҳо, аз ҷумла бо Маркази миллии идоракунии мудофиаи Русия тамринҳо гузаронида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.