Дар Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Конфронси илмии хонандагон ва донишҷӯён дар мавзӯи саҳми академик С.И. Вавилов дар ташаккул ва рушди мактаби илмии оптикаи соҳаи физикаи СССР ва Россия бахшида ба 125-солагии физики барҷастаи Россия баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар Конфронс раиси Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе В.О. Курнушко, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Саидмаҳмад Одинаев, номзади илмҳои биология С.Т. Благовещенская, сармутахассиси Шуъбаи кор бо мактаббачагони АИ ҶТ А.М. Бӯриев, мутахассиси Шуъбаи кор бо мактаббачагони АИ ҶТ А.Г. Сафаров ва хонандагони синфҳои 7 ва 11 дар зери роҳбарии олимони пешсаф дар бахшҳои гуногуни АИ ҶТ: бахшҳои физика, астрофизика, химия, ҷуғрофия ва дигарон шитирок намуданд.
Хонандагоне, ки дар Конфронс иштирок намуданд бо баромадҳои ҷолиби худ диққати иштироккунандагони Конфронсро ҷалб намуданд.


