Оби радон: суду зиён (чандрасонаӣ)

Осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб» дар ноҳияи Варзоб бо оби радонии худ маъруфанд. Ин сарвати табиӣ хусусияти шифобахшӣ дорад, аммо истифодаи аз меъёр зиёди онро пизишкон тавсия намедиҳанд. Дар қаламрави Тоҷикистон cарчашмаҳои оби радонӣ дар қаторқӯҳҳои Қурама, Ҳисор, Туркистон ва Помир мавҷуданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 3 сарчашма ҳаст, ки бо 96 […]

Маҳноза Тӯхтаева, Ҳаётҷони Одил, Маъмури Юсуфзод, махсус барои ASIA-Plus

Осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб» дар ноҳияи Варзоб бо оби радонии худ маъруфанд. Ин сарвати табиӣ хусусияти шифобахшӣ дорад, аммо истифодаи аз меъёр зиёди онро пизишкон тавсия намедиҳанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон cарчашмаҳои оби радонӣ дар қаторқӯҳҳои Қурама, Ҳисор, Туркистон ва Помир мавҷуданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 3 сарчашма ҳаст, ки бо 96 дараҷаи гармӣ аз қаъри замин мебарояд. Аммо Садриддин Абдураҳимов , доктори илмҳои геология ва минералогия мегӯяд, ки таркиби оби радонии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Дар манотиқи дорои чашмаҳои оби радонӣ як қатор осоишгоҳҳо бунёд шудаанд. Дар ин муассисот табобати намудҳои гуногуни беморӣ дар буғхона ва ҳаммомҳои махсус бо назардошти вазъи саломатӣ ва баъд аз муоинаи пизишкон сурат мепазирад.

Сокини вилояти Хатлон Гулсумо Мирзоматова солҳои зиёд аз дарди сутунмуҳра азият мекашид. «Хоҷа Оби Гарм» ягона осоишгоҳе нест, ки ӯ барои дармон ба дарди худ муроҷиат кардааст. Вай ба ин ҷо бо тавсияи ҳамсояаш омадааст. «Сутунмуҳра ва пойҳоям дард мекарданд. Асабам низ хаста… Зиқ мешудам – охир аз дард нишаставу хеста натавонӣ, чӣ хел аст? Оби радонӣ, масҳ, парафин, нур – ин ҳама фоидаам кард», – мегӯяд Гулсумо.

Мутахассисони соҳаи тиб оби радониро барои дармони як қатор маризиҳо манфиатбахш медонанд. «Бемориҳои роҳи нафас табобат мешаванд. Безурриётӣ ва простатит низ шифо меёбад», – иброз дошт духтури осоишгоҳи «Сароб» Муҳиддин СанговАммо истифодаи он на ба ҳама беморон тавсия мешавад. Маризиҳое мавҷуданд, ки муолиҷаи онҳо бо оби радонӣ зарар дорад.

«Ба беморе, ки гардиши хуни дил ва ё мағзи сараш нағз нест, яъне норасоӣ дораду фишораш баланд аст, тавсия намедиҳем. Ба гирифтори санги гурдае, ки ҳаҷмаш калон аст, бемории сирояткунандае, ки дар гармӣ ангезандааш зиёд мешавад, ҳамчунин ба силкасал тавсия намешавад», – афзуд Сангов.

Бино ба иттилои масъулони осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб», теъдоди дармонгирандагон дар ин мавзеъ сол то сол меафзояд. Огоҳии бештари аҳолӣ аз хусусиятҳои табобатии оби радонӣ омили аслии афзоиши муроҷиаткунандагон дониста мешавад. Бо назардошти ин, дастандаркорон талош ба харҷ медиҳанд, ки хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар ба роҳ монанд.

Дар осоишгоҳҳои мазкур ҳар як бемор қабл аз шурӯи дармонгирӣ бо қоидаҳои табобат шинос карда мешавад. Зеро натиҷаи беаҳамиятиву риоя нашудани меъёри истифода аз оби радониро масъулон борҳо шоҳид шудаанд. Аз ин рӯ, донистани хусусиятҳои оби радонӣ қабл аз оғози табобат муфид аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.