Дар сохтмони эстакадаи пойтахт Чин 25,5 млн. $ масраф мекунад

Пайрав Чоршанбиев

Ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин пешниҳод намуд, ки сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-уми пойтахтро бо харҷи қариб 25,5 млн. доллари ИМА месозад. Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ширкати мазкур дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои сохтмони чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар […]



Ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин пешниҳод намуд, ки сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-уми пойтахтро бо харҷи қариб 25,5 млн. доллари ИМА месозад.

Тавре Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ширкати мазкур дар тендер оид ба интихоби паймонкор барои сохтмони чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе ғолиб омада, иҷрои корҳоро ба маблағи қариб 25,5 млн. доллари ИМА пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, дар тендери зикршуда беш аз 10 ширкати хориҷӣ, асосан аз Чин иштирок кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд.

Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳаҷми 35 млн. доллари ИМА қарз ва ҳамчунин ба маблағи 3 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ пешниҳод мекунад. Тобистони соли гузашта дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расида буд.

Марҳилаи аввали таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – марзи Ӯзбекистон (аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ» дар марз бо Ӯзбекистон) аввали соли гузашта ба итмом расида, аз ҳисоби восиатҳои грантии Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 120 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.