Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии сунъии нархро ба хӯрокворӣ ошкор накард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ оид ба муайян кардани сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ санҷиш гузаронид. «Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқаи нарху тарифҳои хоҷагиҳое машғул мешавад, ки дар бозор мавқеи афзалиятнок доранд. Дар бозори маҳсулоти ғизойӣ хоҷагиҳои афзалиятдошта мавҷуд нестанд, аммо ба ҳар ҳол, мо дар ин бозор санҷиш […]

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ оид ба муайян кардани сабабҳои болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ санҷиш гузаронид.

«Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба мувофиқаи нарху тарифҳои хоҷагиҳое машғул мешавад, ки дар бозор мавқеи афзалиятнок доранд. Дар бозори маҳсулоти ғизойӣ хоҷагиҳои афзалиятдошта мавҷуд нестанд, аммо ба ҳар ҳол, мо дар ин бозор санҷиш гузаронидем», – гуфтанд дар хадамот.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни санҷиш маълум шудааст, ки нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ на ба таври сунъӣ, балки муқаррарӣ ва табиӣ боло рафтааст. «Дар мо иқтисоди бозаргонӣ амал карда, арзиши маҳсулоти ғизойиро худи бозор муайян мекунад», – изҳор доштанд дар ин ниҳод.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, соли гузашта сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ 6,7 фоиз ва ҳиссаи болоравии нархи маҳсулоти ғизойӣ дар сохтори таваррум 4,3 фоизро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад