Машварати нахусти раиси нави Суғд ва боздид аз бозори Панҷшанбе

Asia-Plus

Раиси нави вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз маросими муаррифӣ вобаста ба масъалаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ баргузор намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар машварати корӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳукумати вилоят ширкат варзида, Раҷаббой Аҳмадзода нахуст таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ […]

Раиси нави вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз маросими муаррифӣ вобаста ба масъалаҳои рушди хоҷагии халқи вилоят машварати корӣ баргузор намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар машварати корӣ раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории ҳукумати вилоят ширкат варзида, Раҷаббой Аҳмадзода нахуст таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва омодагии ҷиддӣ ба мавсими кишти баҳорӣ ҷалб намуд.

Гуфта мешавад, бинобар хушк омадани ҳаво дар мавсими зимистони ситоди вилоятӣ оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ва шӯршӯйи дар заминҳои корам ташкил гардида, дастур дода шуд, ки чунин ситодҳои маҳалӣ дар ҳамаи навоҳии кишоварзӣ низ таъсис дода шаванд. Ҳамвора бо ин, ҷиҳати омодасозии пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон дар муҳлати муайянгардида масъулини Раёсати кишоварзӣ ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят вазифадор карда шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода мутасаддиёни соҳаро ҳамчунин ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии ҳақи оби кишоварзӣ аз ҷониби истифодабарандагон, пардохти ҳақи неруи барқ аз ҷониби муассисаҳои соҳаи обтаъминкунӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ташкили фурӯши бемамониати гӯшт дар шаҳрҳои саноатӣ, аз қабили Хуҷанду Бӯстон ва Гулистону Истиқлол, дар сатҳи баланд доир намудани ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва ҷашни аҷдодии Сада муваззаф намуд.

Аз роҳбарони шаҳру навоҳӣ талаб шуд, ки дар баробари бунёди иншооти иҷтимоӣ, инчунин ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дар ин замина супориши қатъӣ дода шуд, ки вазъи корхонаҳои калону миёнаи бозистода, ки хусусӣ карда шудаанд, пурра омухта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онҳо ҳалу фасл карда шавад.

Рӯзи 14-уми январ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ бо вазъи фурӯшгоҳҳо ва ҳолати воқеии нархи маҳсулот ба бозорҳои мавзеи Панҷшанбе ташриф оварда, нахуст ба симои зоҳирӣ ва ҳолати кунунии бозор ва иншооти атрофи он таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Зикр гардид, ки намои имрӯзаи бозор воқеан ҳам ба таъмиру навсозӣ ниёз дошта, дар ин замина, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва масъулини бозор вазифадор карда шуданд, ки тибқи лоиҳаи мукамммали меъморӣ таъмиру рангубори пештоқ, айвонҳо, сақфу роҳравҳо ва атрофи бозорро то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба роҳ монанд.

Роҳбари вилоят аз фаровонии маҳсулот дар бозор қаноатманд шуд, аммо аз баланд будани нархи гӯшт изҳори нигаронӣ намуд. Бо тавсия ва дастури роҳбари вилоят раёсати бозор ва қассобон тасмим гирифтанд, ки дар андаке паст кардани нархи он мусоидат намоянд. Ҳамин тавр, худи ҳамин рӯз нархномаи нави гӯшт дар бозор муқаррар гардида, қассобон уҳдадор шуданд, ки як килограмм гӯшти говро бо нархи 33 сомонӣ ва гӯшти гӯсфандро 36 сомонӣ ба харидорон пешниҳод кунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин бо вазъ дар бозори Афросиёб ва маркази савдои Баҳор низ аз наздик шинос шуда, ба мутасаддиёни он низ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва танзими нарх супориши қатъӣ дод. Ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр ба масъалаи ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди масҷид ва оромгоҳи Шайх Маслиҳаддин  ҷалб шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад