КВН: Шӯхиҳои дастаи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба ангехтани низоъу адоват равона нашуда буданд

Asia-Plus

Ҳамкорони роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Хуҷанд нагаҳдорӣ мешавад, доир ба боздошт ва моддаҳои дар айбнома ба ӯ пешниҳодшуда изҳорот пахш намуданд, ки дар сомонаи Лигаи КВН-и Маскав интишор шудааст. Дар изҳорот қайд мешавад, ки онҳо ба шарҳу тавзеҳи айбномаҳо оид ба ҷиноятҳои молиявӣ ҳуқуқ надоранд, «вале моддаи дар […]

Ҳамкорони роҳбари дастаи КВН Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Хуҷанд нагаҳдорӣ мешавад, доир ба боздошт ва моддаҳои дар айбнома ба ӯ пешниҳодшуда изҳорот пахш намуданд, ки дар сомонаи Лигаи КВН-и Маскав интишор шудааст.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки онҳо ба шарҳу тавзеҳи айбномаҳо оид ба ҷиноятҳои молиявӣ ҳуқуқ надоранд, «вале моддаи дар айбнома ба ӯ пешниҳодшуд доир ба барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ барои мо хеле муҳим буда, ин моддаро аз ҷумла ба фаъолияти дастаи КВН Тоҷикистон, шӯхиҳо ва ҳунарнамоии он нисбат медиҳанд».

«Шӯхиҳои даста ҳеҷ гоҳ ба ангехтани кадом як адовату низоъ равона нашуда буданд ва дар ҳамин ҳол, шахси аввале, ки ин масъаларо назорат мекард, худи роҳбари даста буд», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, ба бозиҳои дастаи КВН Тоҷикистон ҳазорон мухлисон меомаданд, аз толор дар бораи ватан суханҳои нек садо медоданд, дар толор парчами давлатӣ парафшонӣ мекард ва дастаи КВН Тоҷикистон ба тамошобинони давлатро ҳамчун кишвари одамони оқилу доно ва шӯху зариф бо фарҳанги хос муаррифӣ мекард.

«Тайи се соли охир Хайрулло Мирсаидов барои роҳ ёфтани даста ба лигаҳои телевизион корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ғайр аз ин, бо ҷидду ҷаҳд ба рушди КВН миёни мактаббачагон ва донишҷӯён дар Тоҷикистон машғул буд, то ки барои дастаи асосӣ аъзои нав омода намуда, дар пайи Қазоқистону Қирғизистон ҷавонони кишвари худро тариқи Шабакаи аввал (Первый канал)-и Русия ба саросари ҷаҳон муаррифӣ намояд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Дар фарҷом изҳори умедворӣ мешавад, ки ин қазияи ногувору нохуш базудӣ мунисфона ва аз рӯи адолат ҳаллу фасл шуда, бо вуҷуди мушкилот, дастаи КВН Тоҷикистон минбаъда низ рушд хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад