Таъхири 1296 парвоз соли 2017 дар фурудгоҳи Душанбе

Asia-Plus

Соли 2017 теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти сомонаи ФБД, Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 […]

Соли 2017 теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташавии парвозҳо дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) 1296 ададро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 – 339 парвоз ё 35,4% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти сомонаи ФБД, Сабабҳои асосии ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе чунинанд: дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз – 904 ҳолат, дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра) – 230 ҳолат, номусоидии обу ҳаво – 65 ҳолат, ҷорӣ будани реҷа – 24 ҳолат ва ғайра.

Гуфта мешавад, соли 2017 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 1,3 млн. нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли 2016 – 148,8 ҳазор ё 12,7% зиёдтар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 5549 рейсҳои доимӣ хизмат расонида шуд, ки назар ба соли 2016 89 рейс ё 1,6 % зиёдтар мебошад. Инчунин оид ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо 1191 эрод ворид шуд, ки назар ба соли 2016 – 202 эрод ё 20,4 % зиёдтар мебошад. Аз онҳо 1172 эрод қонеъ гардонида шуд ва 19 эрод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки соли 2017 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда – 2473,0 тн.-ро ташкил дод, ки назар ба соли 2016 153,0 тн. ё 6,6 % зиёдтар мебошад.

Миқдори маҳсулоти кишоварзии аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҷи байналмилалии Душанбе қабулшуда дар соли 2017 – 219,9 тоннаро ташкил дод, ки нисбати соли 2016 – 100,6 тн. ё 84,2% зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад