Бозгашти толибилмони тоҷик аз олимпиадаи байнулмилалӣ бо 11 медал

Наим Халимов

Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «IZHO-2018» дар шаҳри Алмаато (10-16 январ) аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ толибилмони тоҷик 11 медал ба даст оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маоиф ва илми ҶТ, дар  ин олимпиада довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия […]

Дар Олимпиадаи 14-уми байналмилалии «IZHO-2018» дар шаҳри Алмаато (10-16 январ) аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ толибилмони тоҷик 11 медал ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маоиф ва илми ҶТ, дар  ин олимпиада довталабон аз 15 давлати дунё: Тоҷикистон, Россия, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Қирғизистон,  Туркманистон, Туркия, Индонезия, Сербия, Руминия ва Булғория байни ҳам рақобат намуданд.

Гуфта мешавад, намояндагони Тоҷикистон дар маҷмӯъ соҳиби 11 ҷойи ифтихорӣ: 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 (соли 2017: 2 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) 4 медал зиёд мебошад.

Хонандаи литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В» Абӯбакр Усмонов соҳиби медали тилло шуд. Инчунин  Меҳрон Бобохонов, Наимҷон Хонҷонов, хонандагони ҳамин муассиса аз фанни математика, Фарҳод Ҳакимиён,  хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардиданд. 

Сабина  Абдураҳмонова аз фанни физика, Парвизҷон  Алиев ва Муҳаммадҷон Кличев аз фанни математика аз «Литсей барои хонандагони болаёқат», Далер Пиров, Фараҳманд Ҳасанов аз фанни физика, Комрон Абдуллоев аз математика, Хусрав Ашурзода аз фанни технологияи иттилоотӣ аз муассисаи таълимии «Ҳотам ва П.В» сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи ҷоизадорони олимпиада ба таҳсил дар Донишгоҳи ба номи Назарбоев ва Донишгоҳи миллии Боку даъват шудаанд, ки ин муассисаҳои таълимӣ барои хароҷоти таҳсили онҳо грантҳо ҷудо мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад