Бо сабаби технологияҳои кӯҳнашуда ТАЛКО миллионҳо талаф медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо сабаби технологияҳои кӯҳнашуда, ки ба таҷдид ниёз доранд, Тоҷикистон аз фурӯши алюминии авалия даромадҳои муайянеро аз даст медиҳад. «Соли 2012 ҳиссаи алюминии аввалияи хушсифати тамғаи А7 дар ҳаҷми умумии истеҳсолот наздики 70 фоизро ташкил медод. Имрӯз дар мо чунин тамғаи алюминий истеҳсол намешавад, ки сабабаш кӯҳнаву фарсуда шудани технология дар корхона мебошад», – гуфт […]

Бо сабаби технологияҳои кӯҳнашуда, ки ба таҷдид ниёз доранд, Тоҷикистон аз фурӯши алюминии авалия даромадҳои муайянеро аз даст медиҳад.

«Соли 2012 ҳиссаи алюминии аввалияи хушсифати тамғаи А7 дар ҳаҷми умумии истеҳсолот наздики 70 фоизро ташкил медод. Имрӯз дар мо чунин тамғаи алюминий истеҳсол намешавад, ки сабабаш кӯҳнаву фарсуда шудани технология дар корхона мебошад», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода.

Муовини вазир қайд кард, ки биржаҳои ҷаҳонӣ нархро маҳз ба алюминии баландсифат муайян карда, ба тамғаҳои боқимонда дар ҳаҷми 200-300 доллар барои 1 тонна камшавии нарх (тахфиф) сурат мегирад ва дар навбати аввал дар саросари ҷаҳон ба алюминии баландсифат талабот вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи августи соли 2016 бо қарори ҳукумат дастур дода шуд, ки таҷҳизоту технологияҳои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирад, ки айни замон ин дастур мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Гулрӯ Ҷабборзода ҳамчунин қайд кард, ки тӯли 6 соли охир дар ҷумҳурӣ тамоили коҳиши истеҳсоли алюминии аввалия идома дошта, соли 2017 ҳаҷми истеҳсол 103 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2016 26 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2012 ба миқдори 175 ҳазор (!) тонна камтар аст.

Зимнан таъкид шуд, ки сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки ба коҳиши истеҳсоли ин навъи металл боис гардиданд, аз ҷумла камшавии шумори ваннаҳои (зарфҳои) электролизӣ, саривақт ворид нашудани кокси нафтӣ ва ғайра.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли гузашта Тоҷикистон ба маблағи беш аз 203 млн. доллар наздики 103 ҳазор тонна алюминий ба хориҷи кишвар содирот намуд. Соли 2017 нархи 1 тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 970 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Соли пешин аз Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 590 доллар барои 1 тонна қариб 132 ҳазор тонна алюминий ва маснӯот аз он содирот шуда, мутаносибан даромад аз фурӯши он ба ҳудуди 210 млн. доллар расида буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад