Технологияи мамнуъ дар Чин – марҳабо ба Тоҷикистон

Корбурди технологияи куҳнаи чинӣ дар истеҳсолоти Тоҷикистон бархе аз сокинонро ранҷуру бемор кардааст. Дастгоҳҳои камсамари истеҳсолие, ки Чин барои коҳиши ифлосиҳо дар ҳавояш ҳанӯз асри гузашта мамнуъ сохт, дар Тоҷикистон миёни манзилҳои истиқоматию беморхонаҳо бо нақзи меъёрҳои экологию технологӣ истифода мешаванд. 

Сафӣ Давлатбибӣ, сокини кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе додхоҳӣ дорад, ки масъулин ӯ ва ҳамсояҳояшро аз дуди ғализи коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” барои ҳамеша халос кунанд: “Ҳар боре ин дудро нафас мекашам, дилам беҳузур мешавад, сарам чарх мезанад, мепартоям, аз ҳуш меравам. Духтурон мегӯянд, кадом рӯзе ин дуд шуморо мекушад”.

Истад Ниёзова, сокини хонаҳои бисёрошёна дар кӯчаи Севастопол, канори дигари корхонаи оҳангудозӣ дар маҳаллаи “Якум Советский” гуфт, барои ҳифзи саломатӣ оилаҳое, ки имкон доранд, хонаҳояшонро мефурӯшанду тарки ин макон мекунанд.

Ҳамовозии масъулини тандурустӣ бо сокинон

Дуди корхонаҳои оҳангудозӣ на танҳо сокинон, балки раёсати беморхонаи марказии шаҳри Душанберо низ нигарон кардааст. Раҳбарияти беморхонаи марказии пойтахт, ки дар даҳметрии коргоҳҳои оҳангудозии чинӣ дар маҳаллаи "Якум Советский" ҷойгир аст, дуди корхонаро ҳақиқати талхе хонданд, ки талошашон барои рафъи он тайи солиёни зиёд натиҷае надодааст: “Шабона фазои атрофи беморхонаро дуди ғализ фаро мегирад. Ҳар саҳар пештоқи тирезаҳо бо чанги сиёҳ рӯйпӯш мешавад. Фаввораи пеши беморхонаро мунтазам тоза мекунем, аммо зуд боз қабати ғафси сиёҳ онро мепӯшонад. Ин ҷо беморхона аст, одамон меоянд, то муолиҷа гиранд, аммо чунин шароит табобатро мушкил мекунад”.

Ҳакимахон Аҳмадова, мудири Шӯъбаи ҳассосиятшиносии Маркази саломатии шаҳрии Душанбе иддаои роҳбарияти беморхона ва мардумро дар мавриди хатарзою дардбарангез будани дуди ғализ тасдиқ кард. Аҳмадова дуди корхонаҳоро омили хатарнок ва барангезандаи бемории роҳҳои нафас хонда, таъкид намуд, ки чунин коргоҳҳо аслан бояд аз минтақаҳои истиқоматӣ ва хусусан, табобатгоҳҳо дур ҷойгир шуда бошанд.

Абдусалим Ҷӯраев, сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист эътироф кард, ки бархе коргоҳҳои оҳангудозӣ дар Душанбе бо технологияи куҳнаи чинӣ фаъолият доранд, ки аз асрҳои пеш боқӣ мондаанд. Вай афзуд, ки мушкили аслӣ на дар дастгоҳҳои оҳангудозӣ, балки дар риоя нашудани талаботи технологию экологии оҳангудозӣ аз тарафи масъулини корхонаҳо мебошад. 

Ҷӯраев таъкид намуд, ки агар меъёрҳои раванди оҳангудозӣ аз сӯйи соҳибони корхонаҳо дуруст риоя шавад, оҳан қабл аз гудозиш аз равғану рангҳо тоза гардад, болои дастгоҳҳои оҳангудозӣ чатрҳои ҳавокашӣ ва дар худи корхонаҳо лӯлаҳои дудбаро ба баландии 20-25 метр насб гарданд, таъсири корхонаҳо ба муҳити зист чандон зиёд нахоҳад буд.

Комилбой Зокиров, сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, саноату мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон низ тасдиқ кард, ки корхонаҳои оҳангудозӣ ва истеҳсоли арматура дар кишвар ниёз ба таҷдиди раванди истеҳсолот доранд. Ӯ сарчашмаи дуди ғализро рангу равған ва резину пластмасу дигар мавод хонд, ки омехта бо оҳанпораҳо ба печҳо андохта мешаванд. Вай афзуд, ки оҳиста-оҳиста чунин корхонаҳо аз шаҳрҳо берун мешаванд ва минбаъд зимни додани иҷозатномаҳо ба макони ҷойгиршавӣ, таҷҳизот ва дигар масоили техникӣ-экологӣ таваҷҷуҳи бештар хоҳанд дод.

Мушахассан дар мавриди коргоҳҳои оҳангудозӣ дар маҳаллаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе Комилбой Зокиров афзуд, дар вазъияте, ки ин корхона дорад, он набояд аслан фаъолият кунад: “Агар фаъолият кунад, ғайриқонунист. Гурӯҳи корӣ ба ин корхона рафта, шартҳо гузошта буд, ки дудбаро ба баландии муайян бардошта шавад, баъзе партовҳоро дуруст истифода кунанд, протсеси технологиро таҷдид намоянд”.

Худдории раиси оҳангарон аз суҳбат ва шарҳи муҳосиб

Дар ҷараёни пайгирии мавзуъ муайян гардид, ки дар пойтахт 8 корхонаи асосии металгудозию истеҳсоли маҳсулоти металӣ фаъолият доранд, ки ба эътирофи худи масъулини давлатӣ, аксарашон меъёрҳои экологию технологиро риоя намекунанд. Маълум шуд, ки корхонаҳои нисбатан баҳсбарангез дар маҳаллаи “Якум Советский” ва кӯчаи Ҷаббор Расулов ба ширкати “Дуто”, зери роҳбарии Ҷумъахон Мирзоев, собиқ мақомдори баландпояи андоз ва ниҳоди мубориза бо фасоди молӣ тааллуқ доранд. Талошҳоямон барои суҳбат бо Мирзоев натиҷае надоданд. 

Масъулини чинӣ ҳам, ки сармоягузори ин корхонаҳо мебошанд, ҳозир нашуданд, шикояти сокинон ва вазъи корхонаҳоро шарҳ диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо Нуъмон Наботов, сармуҳосиби ҶДММ “Дуто” гуфт, ин корхона дар доираи қонун фаъолият дорад: “Мо як мақсад дорем, ки як тоҷик соҳиби нон шавад. 60 корманд дорем, ҳар моҳ 83 ҳазор сомонӣ маош медиҳем. Ҷое, ки кор аст, бекамбудӣ нест. Мо “мусор”-ро мехарем, онро алов накунӣ, намесӯзад. Вақте сӯхт, дуд мекунад”. 

Равшан: Нони ду кӯдакамро аз куҷо ёбам?

Равшан Наҷмиддинов, сокини кӯчаи Севастопол ва коргари коргоҳҳои оҳангудозӣ дар “Якум Советский” низ суол гузошт, ки дар сурати бастани корхона, ӯ нони ду фарзанди хурдсолашро аз куҷо пайдо кунад? Наҷмиддинов гуфт, 150 сомонӣ ҳаққи кори якшабааш сарчашмаи асосии таъмини хонаводааш мебошад ва давоми 7 соли корияш дар ин корхона ҳеч таъсири баде ба саломатияш эҳсос накардааст. Ӯ афзуд, барои он ки мардум аз чангу дуд азоб накашанд, корхона асосан шабона кор мекунад, аммо охири моҳи ноябр ба делели камбуди барқ фаъолиятро мутаваққиф кард.

Олими тоҷик Қурбонҷон Кабутов, раиси Маркази омӯзиш ва истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯяд, роҳандозии истеҳсолот ва таъмини мардум бо ҷойи кор бидуни нақзи меъёрҳои экологӣ бояд сурат пазирирад. Ӯ таъкид намуд, ки дар заминаи корхонаҳои замони шӯравӣ феълан баъзе истеҳсолоти зиёновар роҳандозӣ шудаанд. Кабутов аз ҷумла изҳор дошт, ки корхонаҳои металлургӣ дар Душанбе бо технологияи куҳна ва нақзи талаботи оддии экологию технологӣ фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи олими тоҷик, барои тоҷирони чиние, ки дар манотиқи Тоҷикистон чунин истеҳсолотро роҳандозӣ кардаанд, ҳадафи аслӣ имрӯз пул кор кардан аст ва ҳеч фикри ояндаро надоранд, чун намояндаи ширкати бонуфузе нестанд. Кабутов хостори назорати қавӣ дар ин бахш гардид ва даъват намуд, ки ё соҳибони корхонаҳо ба роҳандозии технологияи дуруст водор карда шаванд, ё фаъолияташон қатъ гардад.

Нуъмон Наботов, сармуҳосиби “Дуто” мегӯяд, раиси ноҳияи Сино тобистони соли 2017 ба далели дуди зиёд коргоҳҳояшонро баста буд. Аммо Комиссияи махсуси санитарию эпидемологӣ моҳи сентябри соли 2017 ба Нусратулло Файзуллозода, собиқ вазири тандурустӣ ва раиси феълии ноҳияи Сино гузориш додааст, ки партовҳои корхона аз меъёр зиёд нестанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бар асоси санади Комиссия, партовҳо барои санҷиш аз лӯлаи дудбаро гирифта шудаанд. Дар ҳоле ки зимни мушоҳида дар корхонаҳо маълум гардид, лӯлаҳои дудбаро танҳо дар коргоҳҳои тариқи ангишт фаъолияткунандаи ширкат дар шафати кӯчаи Ҷаббор Расулов насб шудаасту на ҳамаи дуду партов тариқи он содир мешавад. Коргоҳҳои дорои печҳои индуксионӣ умуман лӯла надоранду дуд тариқи дару тиреза хориҷ мешавад, аммо дар ин бора масъулини комиссияи санҷишӣ ҳеч зикре накардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Афғонистон – манбаи даромади оҳангарони ҷадиди тоҷику чинӣ

Дар ҷараёни пайгирии мавзуъ маълум гардид, маҳсулоти коргоҳҳои хурду миёнаи металлургии Тоҷикистон низ аксаран мамнуъ мебошанд, чун ҷавобгӯйи меъёрҳо набуда, наметавонанд кафили амнияти биноҳо бошанд. Ба далели назорати заиф ва нархҳои нисбатан арзон, маҳсулоти ин корхонаҳо асосан ба Афғонистон содир мегардад, ё дар сохтмонҳои талаботашон заифи ватанӣ истифода мешаванд. Комилбой Зокиров, сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, саноату мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон тасдиқ кард, ки истифодаи арматураҳои истеҳсоли ватанӣ дар иншооти кишвар мумкин нест, чун ба меъёрҳо ҷавобгӯй намебошад ва таъйид намуд, ки қисми зиёди ин маҳсулот ба Афғонистон содир мешавад. Ба гуфтаи ӯ, тайи 10 моҳи соли 2017 корхонаҳои мазкур 5,8 ҳазор тонна арматура истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли пеш 3,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рушди ранҷзой ва роҳатшикан…

Афзоиши истеҳсолот бо технологияи куҳна ва нақзи меъёрҳои экологию технологӣ дар ҳолест, ки дар Душанбе бар асоси омори расмӣ партовҳои саноатии зараррасон ба табиату инсон тайи 6 соли охир ҳудуди 12 баробар афзоиш ёфтааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масъулини ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ин миқдори партовҳоро дар муқоиса бо замони шӯравӣ кам хонданд ва таъкид намуданд, ки зиёдшавии ахири партовҳо асосан ба оғози фаъолияти корхонаи “Сементи тоҷик” ва Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанбе тариқи ангишт рабт дорад. Ба иттилои манбаъ, “Сементи тоҷик” бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран мавриди санҷиш қарор гирифт ва ба масъулини корхона дастур дода шуд, ки бархе таҷҳизоти экологияшонро таҷдид намоянд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рақобат бо "Фароз" онҳоро аз байн мебарад? 

Ба суол дар мавриди корхонаҳои оҳангудозӣ, ки чаро ҳадди ақал аз маҳалҳои аҳолинишин дуртар интиқол дода намешаванд, мақомдорони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шаҳрдории Душанбе ва Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон чун пештара изҳор доштанд, ки бо фаъолшавии Комбинати металлургии шаҳри Ҳисор коргоҳҳои хурду миёнаи оҳангудозӣ рақобатпазир нахоҳанд буд ва худашон аз байн мераванд. Тибқи иттилои мақомот, феълан аз 16 корхонаи фаъоли металгудозӣ 8 ададашон дар пойтахт ҷой гирифтаанд, ки асосан бо сармояи чиниҳо бунёд гардидаанд. Ба гуфтаи масъулини ҳифзи муҳити зист, корхонаҳои куҳнаи металлургӣ дар ҳоли азбайнравиянд ва далел меоранд, ки агар қаблан дар Душанбе зиёда аз 20 чунин корхона фаъолият мекард, феълан шумораашон ба 8 адад расидааст. Аммо ин дастовард зиддунақиз ба назар мерасад, зеро бо вуҷуди коҳиши шумора, коргоҳҳои оҳангудозию истеҳсоли арматура танҳо тайи 10 моҳи соли 2017 ҳаҷми маҳсулоташонро нисбат ба соли пеш 65 дарсад афзоиш додаанд. Дар ҳоле ки Комбинати ба гуфтаи мақомот муосири металлургии Ҳисор аз фаъолият бозмондааст. Комилбой Зокиров, масъули Вазорати саноати Тоҷикистон мутаваққиф шудани кори комбинатро ба зарурати таҷдиди технология ва истеҳсоли маҳсулоти босифат рабт дод.

 

Даъвати Умаров ба эҳтиёт: Айб дар чиниҳо не, дар “чиновник”-ҳост…

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ азми ҳукуматро барои саноатикунонии кишвар зикр карда, таъкид намуд, ки зимни воридсозии технология бояд бисёр эҳтиёткор буд. Умаров гуфт, дар вуруд ва корбурди технологияҳои куҳнаи чинӣ дар Тоҷикистон айбро на дар хитоиҳо, балки дар шарикони тоҷики онҳо ва масъулини давлатӣ бояд ҷуст. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон феълан 78 ниҳоди санҷишӣ, назоратӣ ва иҷозатдиҳанда фаъолият мекунанд, ин коршинос суол гузошт, чӣ гуна вуруди технологияи куҳна ва корбурди он бар зарари саломатии мардуму муҳити зист имкон дорад? Худи Умаров ба ин суол ду посухи эҳтимолӣ дорад, ки яке ноогоҳии технологии масъулин ва дуюм ҷой доштани фасод мебошад.

Саидисмон Судуров, сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, технологияи куҳна ба кишвар солҳои қаблии баъдиҷангӣ ворид шуда буданд ва феълан ин раванд ҷой надорад. Вай афзуд, ки масъала набояд яктарафа баррасӣ шавад ва мисол овард, ки коргоҳҳои оҳангудозӣ пойтахтро аз тӯдаҳои зиёди партови металӣ тоза кард, ки ин ҳам як мушкили экологӣ буд. Судуров таъкид кард, ки айни ҳол лоиҳаи ҳар корхонае, ки дар кишвар бунёд мешавад, аз ташхиси экологӣ мегузарад. Дар мавриди афзоиши корхонаҳои тавлиди семент бо истифодаи ангишт, ки мояи нигаронии созмонҳои экологии Тоҷикистон шудааст, Судуров афзуд, мувофиқаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои истеҳсоли семент тариқи истифодаи ангишт барои он ҳосил шудааст, ки дар лоиҳаҳо технологияи муосир пешниҳод шудаанд: “Аксаран корхонаҳои истеҳсоли семент технологияи муосирро ворид ва насб мекунанд, ки самаранокии ҳавотозакуниашон беш аз 95 фоиз аст”.

Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон низ бар ин ақида аст, ки дар кишвар роҳандозии истеҳсолот бо технологияи куҳна ва ба зарари саломатии мардум имкон надорад. Ӯ гуфт, аз ҷумла корхонаҳои семент, ки аксаран бо сармоягузорию технологияи чинӣ бунёд шудаанд, ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд. 

Аммо боздиди мо аз бархе корхонаҳо ва суҳбат бо мутахассисон маълум кард, ки на ҳама вақт меъёрҳои дар лоиҳаю санадҳо пешбинишуда дар амалия иҷро мегарданд. Аз ҷумла, дар корхонаи сементбарории “Тоҷ Чайна”, ки дар доманаи ағбаи “Чормағзак”-и шаҳри Ваҳдат аз сӯйи роҳбарияти ширкати “Ёқут-2000”бо ҷалби сармояи чинӣ бунёд гардидааст, меъёрҳои экологии дар лоиҳаю санадҳо пешбинишуда, дар амал татбиқ нагардидаанд. Ин корхона бо иқтидори лоиҳавии 600 ҳазор тонна семент дар як сол моҳи сентябри соли 2015 дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд. 

Саидисмон Судуров, сардори шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Тоҷикистон ҷой доштани камбудиҳоро дар “Тоҷ Чайна” тасдиқ карда, шарҳ дод, ки корхона дар ҳолати ноқис ба истифода дода шуд ва партову чангаш аз меъёр зиёд буд. Вай афзуд, феълан баъзе камбудиҳо бартараф шуда, барои ҳалли бархе масоили дигар масъулини “Тоҷ Чайна” муҳлат гирифтаанд. Сарфи назар аз талошҳои зиёд, масъулини “Тоҷ Чайна” ҳозир нашуданд, бо хабарнигорон суҳбат кунанд. 

6 ҳазор сомонӣ ҷарима? Ҷазо сахттар шавад…

Суҳбати Судуров аз 6 ҳазор сомонӣ ҷаримаи масъулини “Тоҷ Чайна” барои нақзи меъёрҳои экологӣ ва партови зараррасон ба ҳаво дар ҳолест, ки барои муқоиса Абдуҳалим Қодиров, раиси ширкати “Ёқут-2000”, аз моликони “Тоҷ Чайна”, соли 2015 танҳо барои нақзи қоидаҳои роҳ дар пойтахт 58 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда буд. Дар ҳамин ҳол бархе таҳлилгарон пешниҳод доранд, ки ҷазо барои зарар ба муҳити атрофу мардум шадидтар гардад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, афроде, ки сарфи назар аз огоҳию ҷаримаҳо ва дидаю дониста бар зарари муҳити зисти мардум кор мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, зеро ин амалашон зидди манфиатҳои ҷомеа мебошад. 

Олими тоҷик Қурбонҷон Кабутов мегӯяд, барои ҳалли масоили экологӣ дар раванди саноатикунонии кишвар бояд назорат пурзӯр карда шавад, ҳар меъёре, ки дар санадҳо ҳаст, дар амал низ татбиқ гардад. Ӯ таъкид намуд, ки созмонҳои экологии Тоҷикистон танҳо инро талаб доранд, дар истеҳсолоти кишвар, аз ҷумла, тариқи истифодаи ангишт ҳадалимкон технологияи ҷадид дуруст истифода шавад, то рушди устувори кишвар таъмин гардад.

spot_imgspot_img

Популярное