Таҳкими мақоми «Сомон Эйр» ба сифати сарпарасти кулли ФФТ

Иттилоияи расмӣ

Дар Душанбе маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи ҳамкории байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои соли 2018 баргузор гашт. Тибқи ҳуҷҷати мазкур, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мақоми худро ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон мустаҳкам мекунад. Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев дар баромади худ чунин иброз дошт: «Натиҷаҳои […]

Дар Душанбе маросими баимзорасонии Созишнома дар бораи ҳамкории байни ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои соли 2018 баргузор гашт.

Тибқи ҳуҷҷати мазкур, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мақоми худро ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев дар баромади худ чунин иброз дошт:

«Натиҷаҳои ҳамкориро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷамъбаст намуда, қайд мекунам, ки мо дар Федератсия шарики боэътимод ва дӯсти хубро дарёфт намудем. Ширкати ҳавопаймоӣ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки варзиши ватаниро дар доираи сиёсати умумии Ҳукумати Тоҷикистон ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дастгирӣ ва рушд намояд”.

Илова бар ин, Валиев А. бо рӯзноманигорон дар бораи нақшаҳои ширкати ҳавопаймоӣ барои соли 2018  сӯҳбат намуд. «Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо пеш аз ҳама мақсад дорем хатсайрҳои навро ифтитоҳ кунем. Аз ҷумла, нашаҳои аввалин чунинанд – кушодани хатсайрҳо ба Тошканд, Самарқанд, Боку ва Пекин. Мо ҳамчунин ният дорем пойгоҳи авиатсиониамонро бо харидории ҳавопаймоҳои замонавии Boeing Dreamliner 787 ва Embraer ғанӣ гардонем», – иброз дошт ӯ.

Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев дар суханронии худ миннатдории Федератсияро ба ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои шарики боэътимод будан иброз намуда, ҳамзамон ба ширкати ҳавопаймоӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

«Мо мақсад дорем, ки футболи наврасону кӯдаконро инкишоф диҳем, – қайд намуд Ҷӯраев Д. – Барои соли ҷорӣ мусобиқаҳои зиёди футбол дар сатҳи байналмилалӣ байни наврасону кӯдакон ба нақша гирифта шудааст ва мо итминони комил дорем, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳамчун шарики боэътимод ба мо дар интиқоли футболбозон кӯмак мерасонад, зеро барои футболбози касбӣ шудан, ба наврасону кӯдакон зарур аст, ки ба мусобиқаҳои берунмарзӣ баромада, бинанд, ки ҳамсолони ӯ дар дигар мамолик чӣ тавр ба бозии футбол машғул мебошанд».

Қобили зикр аст, ки айни замон «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, бо муваффақият парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Апрели сершамол: пешгӯии обуҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?