5 дастоварди артиши Тоҷикистон тӯли 5 соли кори вазири мудофиа Шералӣ Мирзо

Расо панҷ сол пеш Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро Шералӣ Мирзо ба роҳбарӣ гирифт. Чӣ гуна дигаргуниҳои назаррасе дар ин давра сурат гирифтанд? Нахустин машқҳои низомӣ бо Ӯзбекистон Моҳи сентябри соли равон дар размгоҳи ҳарбиву таълимии Чорухдайрон дар вилояти Суғд нахустин дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тамринҳои низомии сарбозону афсарони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин машқҳо зиёда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Расо панҷ сол пеш Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро Шералӣ Мирзо ба роҳбарӣ гирифт. Чӣ гуна дигаргуниҳои назаррасе дар ин давра сурат гирифтанд?

Нахустин машқҳои низомӣ бо Ӯзбекистон

Моҳи сентябри соли равон дар размгоҳи ҳарбиву таълимии Чорухдайрон дар вилояти Суғд нахустин дар таърихи муносибатҳои кишварҳо тамринҳои низомии сарбозону афсарони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ин машқҳо зиёда аз 100 нафар сарбозону афсарони артиши Ӯзбекистон бо аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбии худ иштирок карда, артиши Тоҷикистонро 500 нафар сарбозону афсарони гарнизони Суғд намояндагӣ карданд. Дар тамринҳои ҳарбии воҳидҳои низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари силоҳи сабуки оташфишон, аз дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, танк, мошинҳои зиреҳпӯш, чархбол ва минафкан (миномёт) истифода шуд.

Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳ

Моҳи феврали соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба фаъолияти иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ – Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшида шуд.

Ин маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди ҳамагуна хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, он бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ

Моҳи майи соли 2015 дар робита ба ташаннуҷи вазъи сиёсиву низомӣ дар музофоти Кундузи кишвари ҳаммарзи Афғонистон Вазорати мудофиа корҳо оид ба ташкили хати дуюми мудофиаи дар сарҳадро ба итмом расонид.

Дар сарҳади самти вилояти Хатлон нерӯ ва воситаҳои иловагӣ, қисмҳои ҷудогонаи низомӣ ва воҳидҳо, ҳамчунин техникаи ҳарбӣ сафарбар шуд.

Воҳиди нав

Моҳи феврали соли 2015 дар артиши Тоҷикистон воҳиди нав – дастаи лижаронон таъсис дода шуд, ки дар он 30 нафар низомиён хизмат мекунанд.

Аз ҳамон замон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи дар ВМКБ машкҳо бо лижа дар омодагии ҳарбӣ ҳатмӣ шуморида мешаванд.

Дар сурати зарурат ин воҳид метавонад натанҳо аслиҳаву муҳимот, балки бори вазнинро низ тариқи пайраҳаҳои душворгузари кӯҳӣ ба ҷойи таъиншуда расонад.

Боз як баталйони нав

Соли 2016 дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталйони аграрӣ таъсис дода шуд. Барномаи омодагии ин воҳид аз барномаи дигар қисмҳои оддии низомӣ фарқ надорад.

Сарбозоне, ки ба ин воҳид ба хизмат даъват мешаванд, бояд малакаи кор бо техникаи кишоварзӣ, коркарди замин ва чорводорӣ дошта бошанд. Дар қаламрави ин қисми низомӣ фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ ба роҳ монда шудааст.

МАЪЛУМОТНОМАИ "АЗИЯ-ПЛЮС"

Генерал-полковник Шералӣ Мирзо – Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 майи соли 1967 дар деҳаи Гулободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ Омӯзишгоҳи олии фармондеҳӣ – муҳандисии қӯшунҳои ракетии шаҳри Перми Федератсияи Россия (соли 1989) ва Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро (соли 2004) бо медали тилло хатм намудааст.

Номбурда солҳои 1994-1995 дар вазифаи афсари калони шуъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1995-1996 командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораро ба ӯҳда дошт.

Солҳои 1996-1997 дар вазифаи командири қисми ҳарбии 08014 ва аз моҳи феврали соли 1997 то моҳи ноябри соли 1997 дар вазифаи командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 1997- 2002 бошад дар вазифаи командири қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиа адои хизмат намудаст. Аз соли 2002 то соли 2004 Шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия буд.

Солҳои 2004- 2005 дар вазифаи Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2005-2006 Муовини Вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқатмандона адои хизмат намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.